Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи қабули аснод барои ҳаҷҷ


Марказҳои қабули аснод барои ҳаҷҷ дар соли 2006 дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Тоҳир Рашидов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 4.000 нафар имкони зиёрати хонаи Худоро дорад. Маблағи имсолаи ҳаҷҷ нисбат ба соли гузашта бештар шуда он ба 2.300 $ баробар шудааст. Соли гузашта зоирон бо 1.800 $ сафари ҳаҷҷ мекарданд. Ҷаноби Рашидов гуфт, имсол маблағи шиносномаи хориҷӣ, қурбонӣ ва ғизо бар дӯши худи зоирон хоҳад буд. Соли дуввум аст, ки сафари ҳаҷҷ танҳо аз тариқи Кумитаи дин сурат мегирад. Қаблан, зоирон бо мусоидати ширкатҳои ҷаҳонгардӣ низ ба Макка мерафтанд. Дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон танҳо тариқи ҳавопаймо ва аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Ҷидда парвозҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. Бино бар гуфтаи ҷаноби Рашидов, аз муқаррароти нави сафари ҳаҷҷ дар соли равон дар қиёс бо соли гузашта ин аст, ки зоирон маблағҳои худро тариқи бонк ба суратҳисоби Кумитаи дин ирсол медоранд. Ҳамчунин, дар навоҳию шаҳрҳои кишвар низ фаъолияти марказҳои қабули аснод ба роҳ монда шудааст. Ҷаноби Рашидов гуфт, ин муқаррарот ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ба истилоҳ «ҳоҷибарак»-ҳо мебошад, ки худсарона ва бидуни риояи қавонини байналмилал сокинони ҷумҳуриро ба Макка бурданӣ мешуданд, аммо дар натиҷа баъзе аз шаҳрвандон наметавонистанд, ба зиёрати хонаи Худо муваффақ бишаванд. Соли гузашта, ба гуфтаи ҷаноби Рашидов, беш аз 700 нафар натавониста буданд, ки адои ин фаризаи исломиро ба ҷо биёранд.
XS
SM
MD
LG