Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё террор ба Урдун доман мегустарад?


Оё метавон гуфт, ки аз шурӯъи ҷанги Ироқ то кунун ин бузургтарин густариши хушунтакорӣ аз Ироқ ба минтақа мебошад?

Ба ақидаи ман, ин хушунати то ҳол бузургтарин ва хунхорона дар минтақа буд, ки аз Ироқ густариш ёфтааст. Дар ин ҳамлаҳо ба ба таври рӯшан, нақши Алқоида эҳсос мешавад: ин ҳамлаҳо ҳамоҳангшуда буданд, маъмулан, Алқоида якчанд таркишро бо фосилаи чанд сония аз ҳамдигар ба роҳ мемонад. Ин ҳамлаҳо ҳамаи нишонаҳои ҳуҷумҳои Алқоидаро доранд, ки дорои як рамз аст: ҳамлаи рамзӣ болои меҳмонхонаҳои Ғарбӣ ё Амрикоӣ, ҳамла болои манфиатҳои марбут ба Иёлоти Муттаҳида ва муттафиқони он. Хулоса, ин ҷо ҳама нишонаҳо ба он далолат мекунанд, ки ҳадаф Иёлоти Муттаҳида ва онҳое мебошанд, ки аз Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ мекунанд.

Алқоида маъмулан аз лиҳози динӣ дар мавриди ҳамла на танҳо болои Ғарб ва ҳамчунин ҳамла ба зидди ба гуфтаи онҳо, "ҳокимони золим" ва "кофирон" дар Ховари Миёна изҳори назар мекунад. Хушунаткорӣ то куҷо нишонаи ҷанги амиқтари идеологӣ дар дохили худи Ислом аст?

Ин суоли хубест. Якум, мо бояд дар назар дошта бошем, ки Алқоида ва тундравони исломӣ ба Ғарб ва махсусан ба Иёлоти Муттаҳида нафрати мутлақ доранд, -- зеро ба фикри онҳо, Амрико аз манобеъи минтақа баҳрабардорӣ мекунад ва дар минтақа нуфузи зиёд дорад, дар айни ҳол онҳо ҳамчунин ба гуфтаи худашон ба ҳокимон ва мустабидони минтақа нафрат доранд, зеро онҳо бовар доранд, ки зиндагӣ ва ҳукуматдории ин ҳокимон ба қонунҳои Ислом мутобиқ нестанд.
Мо мебинем, ки он тундравони исломӣ ба осонӣ шахсеро кофир ё муртад, яъне аз дин баргашта эълон мекунанд, ки ин боз шадидтар аст. Вақте шахсе муртад арзёбӣ шуд, ҳадди аққал барои онҳое, ки худро ҷиҳодӣ мешуморанд, куштани он шахс амалӣ қонунӣ маҳсуб мешавад. Барои онҳо, ҳамла болои ӯ ва оилаи ӯ кори қонунӣ ба шумор меравад.

Оё ин талош барои ояндаи Ислом аст, ё ояндаи минтақа?

Медонед, ин баъзан талош барои равони Ислом арзёбӣ мешавад. Ман бовар дорам, ки мо шоҳиди размоиш, шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили Ислом мешавем. Мо ҳоло дида истодаем, шахсоне, ки худро ҷиҳодӣ меноманд ба муқобили онҳое ҷанг мекунанд, ки дини Исломро дини сулҳ мешуморанд ва мехоҳанд, ки он бо мардуми тамоми ҷаҳон дар муомилаву ҳамкорӣ бошад.

Дар ҳоле, ки хушунаткорӣ идома дорад, оё нишонае эҳсос мешавад, ки мардуми Ховари Миёна аз ҳамлаҳои террористӣ хаставу дилгир мешаванд?

Агар дар ҳамлаҳои Аммон кадом чизи мусбат вуҷуд дошта бошад, ин ҳамон эҳсосест, ки шумо мегӯед. Мо дидем, ки одамон ба кӯчаҳо баромаданд. Ғарб то ҳол дидааст, ки Фаластиниҳо аз ҳамлаҳои маргталабона болои Исроил зиёд изҳори хушӣ мекунанд. Ва ҳоло вақте он ҳамлагарони маргталаб ҳамон услубро ба зидди мусулмонон истифода бурда, ва мусулмонони бегуноҳи Аммонро мисли ҳамон мардуми бегуноҳи Исроил куштанд ва вақте мардуми мусулмон ба намоиш баромада чунин ҳамлаҳоро маҳкум намуданд, инро бояд таҳаввули мусбат шуморид. Онҳо ҳоло дарк кардаанд, ки он шакли хушунаткории беасос метавонад ба зидди мардуми худи онҳо истифода шавад. Ва ин таҳаввулест, ки арзиши таваҷҷӯҳро дорад.
XS
SM
MD
LG