Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии "Вахш" дар меҳмонии Радиои Озодӣ


Ӯ гуфт:

- Дастаи мо аслан аз бозингарони ҷавон иборат аст. Панҷ нафари онҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шомиланд. Ҳамчунин чаҳор нафар футболбози пуртаҷрибаамон дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии кишвар бозӣ мекунанд. Рости гап, пас аз сафари вилояти Суғд ва ғалаба бар ҳарифони аслиамон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд ман бовар ҳосил кардам, ки имсол соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон мешавем. Вале медалҳои тиллои мусобиқотро мо ба осонӣ ба даст наовардем, зеро дар давраи дуввум бозиҳои мо бо ҳарифони пурқувватамон - «Регар» ТадАЗ дар шаҳри Турсунзода, ХИМА, CSKA ва СКА «Помир» дар Душанбе доир шуд. Футболбозони мо дар ин бозиҳо маҳорат ва тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри ғалаба сафарбар карда, муваффақ гаштанд. Албатта, дар ғалабаи даста сарпарастон низ саҳми бузург гузоштанд. Ва мо аз раиси клуб Илҳом Ҳотамов, раҳбари ширкати «Тамер ИНБ» Ҳасан Азизов ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадулло Насруллоев миннатпазирем.

- Андешаҳои Шумо дар бораи мусобиқоти имсола.

- Мусобиқот имсол тезу тунд ва шавқангез сурат гирифт. Танҳо даври охирин соҳибони медалҳоро муайян кард. Вале, ба андешаи ман, шумораи бозиҳои тақвимӣ хеле кам буд. Ҳар як даста ҳамагӣ 18 бозӣ анҷом дод. Хуб мебуд, ки мусобиқот бо ширкати даҳ даста дар чаҳор давра баргузор мешуд. Ба ҷуз чор-панҷ даста тимҳои дигар заифанд ва бинобар ин дар сурати бештар бозӣ кардан таҷрибаи онҳо ғанӣ гашта, маҳораташон сайқал меёбад.

- Ба назари Шумо даста ва ё клуби лигаи олӣ бояд чӣ гуна бошад?

- Аз нигоҳи ман клуби лигаи олӣ бояд аз се ҷиҳат пурра таъмин бошад: аввалан сарпараст дошта бошад, зеро бе сармояи кофӣ дар лигаи олӣ бозӣ кардан мушкилоти зиёде пеш меорад. Дуввум, даста бояд база ва ё машқгоҳу варзишгоҳи хуб дошта бошад. Мутаассифона вазъи аксари майдонҳои футболи дастаҳои лигаи олӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ин бобат майдонҳои хуби варзишгоҳҳои «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Пахтакор»- и шаҳри Қӯрғонтеппа, «Спартак» ва «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд намунаи ибратанд. Севум, клуби лигаи олӣ бояд ҳатман мактаби футболи кӯдакону наврасон дошта бошад, ки он аслан ба тайёр кардани захира барои дастаи асосӣ машғул шавад.

- Дар бораи доварони бозиҳои чемпионат чӣ ақида доред?

- Дар давраи дуввуми чемпионат, вақте ки раиси кумитаи доварон Ориф Ҷӯраев таъин гашт, ҳакамии бозиҳо беҳтар шуд. Вале ҳанӯз ҳам ин масъала комилан ҳал нашудааст. Бояд доварон дар ҳар як бозӣ масъулияти баланд ҳис карда, ба рафтору кирдори бозингарон дар ҷараёни зӯрозмоӣ баҳои ҳаққонӣ диҳанд. Футболбози бадкирдорро мувофиқи қоидаҳои футбол ҷазо дода, аз майдон рондани онҳо наҳаросанд. Ҳамчунин дар таъин намудани ҷаримаи ёздаҳметраи ҳаққонӣ шубҳа накунанд ва ё баръакс дастаро бе ҳеҷ гуна зарурат ба чунин ҷазо гирифтор насозанд.
XS
SM
MD
LG