Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як "меҳмон" бо 50 килограм маводи мухаддир


Дар натиҷаи як амалиёти муштараки кормандони вазорати умури дохила ва кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар минтақаи сарҳадии Фархор, 250-километрии пойтахти Тоҷикистон, беш аз 50 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст. Файзулло Гадоев, сардори раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати корҳои дохилӣ ба радиои Озодӣ гуфт, шаби 10-ум ба 11-уми ноябр дар яке аз мавзеъҳои марзии ноҳияи Фархор як шаҳрванди Афғонистон боздошт шуд, ки аз ӯ беш аз 50 кило маводи мухаддир кашфу мусодира гардид. Оқои Гадоев гуфт, соли равон дар натиҷаи 18 амалиёти муштараки ду ниҳоди фавқуззикр ҳудуди 550 кило моддаҳои нашъаовар кашф ва мусодира шудааст. Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохила дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳудуди 150 кило маводи мухаддирро сӯзонид. Худойназар Асозода, масъули дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ гуфт, оташсӯзии ин миқдори маводи мухаддир дар пайи анҷоми 119 парвандаи ҷиноӣ ва дар ин робита ба муҷозот кашида шудани 141 нафар сурат гирифтааст. Ба гуфтаи оқои Асозода, дар соли равон ин чорумин оташсӯзии маводи мухаддир аст ва зимнан беш аз як тоннаю 430 кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳудуди як тоннаю 50 кило ҳероин маҳв карда шуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG