Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон


Мақомоти вазорати энержии Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Шӯроб, ки 20 километр поинтар аз мавзеъи сохтмони нирӯгоҳи Роғун мустақар аст, ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нирӯгоҳи мазкур тибқи нақшаи вазорати энержӣ оид ба сохтмони силсилаи нирӯгоҳҳо дар рӯди Вахш, бунёд хоҳад шуд ва барои сохтмони он ҷалби зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоя лозим аст: "Нерӯгоҳи Шӯроб охирин истгоҳ дар зинаи дарёи Вахш аст. Баъди нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун агар Шӯроб сохта шавад, аллакай дарёи Вахш аз лиҳози истифодабарии самаранок пурра фаро гирифта мешавад."
Оқои Бобоев мегӯяд, лоиҳаи сармоявии нирӯгоҳи Шӯроб таҳия ва ба чанд кишвар ва ширкати хориҷӣ пешниҳод гардидааст. Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳарчанд бунёди як ниругоҳи барқи обӣ назар ба сохтмони ниругоҳи буғӣ сарфи вақт ва маблағи бештарро тақозо мекунад, аммо аз лиҳози самаранокӣ ва дурнамои иқтисодӣ бештар манфиат дорад. Вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, эҳтимолан нирӯгоҳи Шӯроб дар зарфи 8-10 соли оянда сохта ва барои истифода омода мешавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG