Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида худро масъули бомбгузориҳои Ӯрдун хонд


Дар як баёнияе, ки ташхиси билофосилаи дурустии он номумкин будааст, созмони террористии Ал-қоида масъулияти бомбгузориҳои шаҳри Аммон пойтахти Ӯрдунро, ки 57 кушта ва ҳудуди 100 захмӣ барҷой гузошт, ба ӯҳда гирифтааст.
Ин баёния аз номи Ал-қоида дар як сайти интернетӣ нашр ва сипас таввасути телевизионҳои арабӣ пахш шуд. Гуфта мешавад, баёнияи мазкурро сухангӯи Ал-қоида дар Бағдод имзо кардааст.
Дар баёния омадааст, меҳмонсароҳои Ӯрдуна ба он хотир барои ҳамла интихоб шуд, ки "султони ситамгари ӯрдунӣ (Шоҳ Абдуллоҳ) ба пойгоҳи душманони дин, яҳудиён ва ширкаткунандагони ҷангҳои салибӣ табдил ёфт."
Таркишҳо дар меҳмонхонаҳои Grand Hayat, Radisson SAS ва Days Inn дар фосилаҳои кӯтоҳе ба вуқӯъ пайвастанд. Агарчӣ ин меҳмонхонаҳоро умдатан хориҷиён истифода мекардаанд, аммо зоҳиран аксари қурбониёниёни таркишҳо сокинони Ӯрдун ва афроди даъватӣ ба як ҷашни арӯсӣ будаанд.
Марвон Муошир - муовини нахуствазири Ӯрдун ин ҳамлаҳоро "ҳамлаҳои хунхорона, номардона ва террористӣ" хонд ва гуфт, кишвараш бо тамоми нерӯ ба зидди терроризм мубориза хоҳад бурд. Баъди ин ҳодисаҳо шоҳи Ӯрдун Абдуллоҳ, сафараш дар Қазоқистонро қатъ карда ба ватанаш бозгаштааст.
XS
SM
MD
LG