Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи хашмолуди вакили мардумӣ доир ба муҳоҷирон


Николай Курянович - намояндаи Думаи давлатии Русия аз Ҳизби либерал-демократ тайи як номаи саркушода ба раиси ҷумҳури кишвари худ, Владимир Путин хостори қатъи омадурафти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо шиносномаи дохилӣ ва роҳандозии муқаррароти раводид байни Русияву Тоҷикистон шудааст.

Ба эътиқоди Николай Курянович, ки узви кумитаи амният дар Думаи давлатӣ низ мебошад, низоми соддаи омадурафти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, азсаргирии қатори Душанбе-Маскав ва ба марзбонони тоҷик додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Русия мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи намояндаи Думаи давлатӣ, танҳо дар соли гузашта ба Русия беш аз 900 ҳазор тоҷикон ворид шудаанд.

Вай афзудааст: "Тайи як сол 70 ҳазор ҷавонони Русия аз истеъмоли маводи мухаддир ҷони худро аз даст додаанд. Ба ҳама маълум аст, ки маводи муххадир ба Русия асосан аз Тоҷикистон меояд. Террористҳо, қочоқбарони маводи мухаддиру силоҳ ва дигар ҷинояткорон аз Афғонистон бо дарёфти шиносномаи Тоҷикистон бо 30 доллар бе ҳеҷ мушкили вориди Русия мешаванд, ки ин ба амнияти Русия хатари мустақим дорад."

Нуктаҳои асосии номаи Куряновичро дастёри вай ба Радиои Озодӣ қироъат кард.

Намояндаи порлумони Русия дар идомаи номаи худ дар хитоб ба раиси ҷумҳур гуфтааст: "Агар давлат қодир ба ҳимояи шаҳрвандони худ аз ҳуҷуми муҳоҷирати ғайримаҷоз ва қочоқбарони маводи мухаддир аз ҷумҳуриҳои осиёии шӯравии собиқ набошад, пас шаҳрвандони Русия маҷбур хоҳанд шуд, барои наҷоти фарзандони худ аз тоҷикони қочоқбари маводи мухаддир ханҷару калтаки оҳанӣ ба даст бигиранд."

Номаи саркушодаи намояндаи Думаи давлатӣ ба раиси ҷумҳури Русия рӯзи 7 ноябр интишор шуд.

Қаблан Евгений Ройзман дигар намояндаи Думаи давлатӣ аз Михайл Фрадков, нахуствазири кишвари худ тайи як номаи сакушода талаб кард, ки рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо шиносномаи дохилӣ қатъ карда шавад. Ба номаҳои намояндагони Дума мақомоти Русия ҳанӯз посух надодаанд.

Дар маҷмӯъ ҳафтаҳои ахир ҳизбҳои порлумонии Русия мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро дар сархати фаъолиятҳои худ қарор додаанд. Дар як гирдиҳамоие, ки бахши московии ҳизби порлумонии Родина дар маркази Маскав баргузор кард, ширкаткунанадагон, ки аслан ҷавонон буданд, чунин шиор медоданд: "муҳоҷири кори даъф шав, Маскав барои московиҳо."

Дар таҳлил ба фаъолияти ҳизбҳои порлумонии Русия, Александр Брод - мудири дафтари ҳуқуқи башар дар Маскав мегӯяд, дар ин ахирҳо на танҳо афроди оддӣ, балки намояндагони баландпояи сиёсати Русия Рогозину Савелев ва дигарон дар тарғиби таҳаммулнопазири қавмӣ аз ҳамдигар пешдастӣ гирифтаанд:

"Роҳбарони ҳизби Родина мардуми Русияро аз муҳоҷирон бим медиҳанд. Муҳоҷиронро мӯҷиби бадбахтиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ҷилва медиҳанд. Аз ин шиорҳо онҳо ба вижа ба ҳангоми интихобот истифода мекунанд. Дар ҳоле, ки чунин иқдоми иштибоҳи дар ҷомеъа тафриқаи қавмӣ ва мазҳабӣ ба вуҷуд меорад. Чунин иқдомот оқибати нек надоранд. Пеши роҳи онро бояд гирифт."

Раиси созмони Муҳоҷират ва Ҳуқуқ дар Маскав Гавҳар Ҷӯраева мегӯяд, мубориза бо муҳоҷири беҳуқуқ, ки ба ҷуз ҷойи кор ва музди кори ночиз аз ин кишвар чизи дигареро интизор нест, барои бархе аз сиёсатмадорони Русия василаи дарёфти чавкиву минбар дар мақомот шудааст:

"Дар сохтмонҳову корхонаҳо аз кори муҳоҷирони тоҷик ризо ҳастанд. Аммо вақте расонаҳо ва сиёсатмадорони Русия дар бораи тоҷикон менависанд, мӯи сари одам рост мехезад. Наздик ба 1 миллион тоҷик наметавонад, пурра аз ҳисоби маводи мухаддир нон бихӯрад. Тоҷик ба нони ҳалол бештар рағбат дорад."
XS
SM
MD
LG