Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни Асосии 11 сола


Имруз дар Тоҷикистон рузи Қонуни Асосист. 11 соли пеш 6-уми ноябр мардуми ин кишвар дар як райпурсӣ қонуни давлати мустақили худро пазируфтанд.Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин муносибат мардуми кишварашро табрик кард.
Соли 1994 ин қонун дар шароите ба тасвиб расид, ки дар Тоҷикистон ҷанги миёни давлат ва мухолифин идома дошт. Шуморе аз аҳолии кишвар дар Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳамсуд паноҳанда буданд. Баъд аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар июни соли 1997 ва бозгашти паноҳҷуён ба Ватан зарурати ворид овардани тағиру иловаҳо ба ин қонун пеш омад. Аз ҳисоби намояндагони давлату мухолифин кумисюне тағиру иловаҳо дар Қонуни Асосии Тоҷикистонро таҳия кард ва ин тағиру иловаҳо соли 1999 бори дигар барои гирифтани таъйиди мардум ба райпурсӣ пешниҳод гардид. Тибқи тағироти соли 1999 порламони Тоҷикистон дорои ду маҷлис шуд. Муҳлати раёсати раиси ҷумҳур аз ду давраи панҷсола ба як давраи ҳафтсола табдил ёфт. Вале соли 2003 бори севвум ин қонун ба тағиру иловаҳо дучор шуд. Ба 56 моддаи он тағирот ворид карданд ва ин тағирот дар райпурсӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин тағироту иловаҳо ҳоло давраи раёсати раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ду давраи ҳафтсола иборат аст. Илова бар ин, дар системи таълим ва хадамоти беҳдоштӣ тағирот пеш омад. Акунун ин қонун гушоиши мактабҳо ва шифохонаҳои хусусиро иҷоза медиҳад. Шогирдони чунин мактабҳо ва муштариёни чунин шифохонаҳо ҳақи хидматро пардохт мекунанд. Рузи тасвиби Қонуни Асосӣ дар Тоҷикистон рузи ҷашни миллӣ эълон шудааст ва дар ин руз корхонаву муаассисаҳо таътил ҳастанд.
Нурмуҳаммади Холзода
XS
SM
MD
LG