Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таэквондои тоҷик - боз ҳам беҳтарин


Ин мусобиқа бо ширкати варзишгарони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар қасри теннис тӯли ду рӯз идома кард. Варзишгари тоҷик Далер Тӯраев, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва Осиё ғолиби мутлақи ин мусобиқа байни бузургсолон гардид. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт:
« Мо ба ин мусобиқа тӯли се моҳ омодагӣ гирифтем. Ман дар вазни беш аз 80 кило зӯрозмоӣ кардам. Ҳарифи аслиам варзишгари узбак Темур Нуралиев, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2005 дар Олмон маҳсуб мешуд, ки ӯро дар рақобати ниҳоӣ мағлуб намудам. »

Ҳамчунин варзишгарони маъруфи тоҷик Масрур Сатторов дар вазни то 50 кило, Дилшод Сайфиддинов дар вазни то 64 кило, Далер Сайфиддинов дар вазни то 71 кило, Умриддин Насриддинов дар вазни то 78 кило мақоми аввалро касб намуданд. Алиҷон Алиев, намояндаи Қирғизистон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 57 кило пирӯз шуд. Умеда Аҳророва аз дастаи Узбакистон дар сабқати духтарон дар вазни то 45 кило ғолиб омад. Зарина Икромова, узви дастаи Тоҷикистон дар рақобатҳо дар вазни то 51 кило муваффақ ба дарёфти медали тилло гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Маҳина Зуҳурова, ки дар рақобатҳо дар вазни беш аз 51 кило бар ҳамаи ҳарифонаш ғалаба кард, бо ҷоизаи аввал сарфароз шуд. Байни варзишгарони хурдсол Фирдавс Қодиров, Ҷӯрабек Абдуллоев, Алишер Аҳмадов ва Мифтоҳ Нарзуллозода соҳиби мақоми аввал гаштанд. Сабқати наврасон низ бо пирӯзии варзишгарони тоҷик - Абубакри Бозор, Хуршеди Салоҳиддин, Парвиз Муродов, Сӯҳроби Алидод, Манучеҳр Давлатов ва Мақсуд Маҳмудов хотима ёфт.

Ба ин тартиб байни дастаҳо Душанбе - 1 мақоми аввалро ишғол кард. Дастаи мунтахаби Қирғизистон мақоми дуввумро касб намуд.Дастаҳои Душанбе-2 ва Душанбе-3 дар мақоми севвум қарор гирифтанд.

Ва як хабар барои дӯстдорони шоҳмот. Сӯҳроб Ҳамдамов, шатранҷбози маъруфи тоҷик барандаи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмоту шашка дар шаҳри Янгийӯли Узбакистон байни варзишгарони хирачашм гардид. Дар ин мусобиқа намояндагони Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Сӯҳроб Ҳамдамов дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар тахтаи аввал чаҳор бозӣ карда, беҳтарин натиҷа -сеюним имтиёз ба даст овард.
XS
SM
MD
LG