Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авфи Ҳиҷратӣ"


Ҳафтаномаи «Миллат» навиштааст, тайи 14 соли истиқлол Тоҷикистон аз як кишвари назарногир ба як кишвари бозигари сиёсии сатҳи байналмилалӣ табдил шудан дорад. Дар ин матлаб нақш ва вазъи Тоҷикистон дар раванди шаклгирии бозиҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шуда ва дар он омада, ки пас аз тирамоҳи 2001, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони манёврҳои сиёсиро пайдо кард. Муаллиф бар ин назар аст, ки стратегияи муносиботи Тоҷикистон бо абарқудратҳои ҷаҳон танҳо стратегияи мутавозин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Муаллиф бар нигоҳ доштани ин тавозун таъкид кардаст ва навиштааст, агар ин ҳад вайрон шуд, қудратҳои бузург афроди хешро дар ин кишвар ҷӯё мешаванд.

«Вечерний Душанбе» дар матлабе аз тағйири самти сиёсати Русия нисбат ба муҳоҷирон хабар додааст. Хабарнигори нашрия, ки дар нишастҳое дар Маскав ширкат доштааст, аз тарҳи «Авфи Ҳиҷратӣ»-е ёдовар шудааст, ки ҳоло дар ҳоли баррасӣ қарор доштааст. Иҷозаи сафар ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро навишта аз аввалин иқдом дар ин самт хондааст. Зарурати ин иқдомотро мақомоти кишвари Русия аз вазъи таҳлукабори демографӣ ва ниёз ба дастҳои кориву нерӯҳои ақлонии муҳоҷирон донистаанд. Дар Маскав гуфта шудааст, ки дар қаламрави Русия беш аз 800.000 тоҷик ба сар мебарад ва шаҳрвандони Тоҷикистон қариб 30 % муҳоҷирони Русияро ташкил медиҳанд.

Ва аммо дар як хабари дигари «Вечерний Душанбе» аз қавли мақомоти Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия тақрибан 400.000 ҳисоб гардида ва таъкид шудааст, ки ин рақам рӯ ба коҳиш дорад.

Ҳафтаномаи «Миллат» як сурати риққатовареро бидуни матн ва ташреҳ чоп кардааст. Дар акс мӯсафеди тоҷике тоқии кӯҳна дар сару либосҳои ҷӯлида дар бар ва дар ҳамин ҳавои хунук як попӯшии тобистонаи хонагӣ дар по дар болои як кат нишастаст. Манзили ин мӯсафед, яъне кат дар кӯча, зери дарахте гузошта шуда ва атроф пур аз баргоҳи рехтаи хазоншуда.
XS
SM
MD
LG