Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мусобиқаи таэквондочиён


Ташкилкунандаи ин мусобиқа Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до ITF-и Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, рақобатҳо дар се гурӯҳ: байни кӯдакони синнашон то даҳсола, миёни наврасони то понздаҳсола ва варзишгарони синнашон аз шонздаҳсола боло баргузор шудааст. Вай афзуд, дар ин мусобиқа ҳамчунин 24 нафар духтарон аз Тоҷикистону Узбакистон ширкат меварзанд.

Геннадий Хан, раҳбари Созмони таэквондои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ноиби раиси федератсияи таэквон-до ITF-и Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфт , мусобиқаи байналмилалии шаҳри Душанбе барои рушди ин риштаи варзиш дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҷаноби Хан гуфт, ин мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шудааст ва боиси хушнудист, ки дар кишвари Тоҷикистон таэквон-до ҳаводорони зиёд пайдо кардааст.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Муҳаммад Шерзай, раис ва бунёдгузори Анҷумани миллии таэквондои Афғонистон иброз дошт, ки дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати варзишии Афғонистон аз даҳ нафар иборат аст. Вай афзуд, доир намудани чунин мусобиқот ба густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи мураббиёну варзишгарони кишварҳои минтақа хизмат хоҳад кард.

Мусобиқаи мазкур рӯзи шанбеи 5 ноябр натиҷагирӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG