Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар рӯзи Иди Фитр


Носирҷон Маъмурзода

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе дар масҷиди ҷомеъи ин шаҳр дар назди беш аз 5 ҳазор намозгузор гуфт, Ислом ба зоти худ дини сулҳу салоҳ, мусаввоту бародарӣ ва ахлоқи ҳамида аст аммо гуфт вай, феълан як идда созмонҳои ифротӣ ба мисли «Ҳизби Таҳрир» ба миён омадаанд, ки Қуръону ҳадисро ба шеваи худ таъбир ва ба амнияти давлату миллат таҳдид мекунанд:
"Зиёда аз 1300 сол мову шумо ҷонибдори дини мубини Ислом будем, ҳастем, мемонем. Аз пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданамон ифтихор дорем. Ва имрӯз зарурати боз дигар тафриқаандозӣ бояд, ки вуҷуд надошта бошад, агар ин чиз муқаддас намебуд, бештар аз 1300 сол умр намедид. Ҳар яки мову шумо дидем, ки чандин идеологияҳо, аз ҷумла идеологияи коммунистӣ дар зарфи 70-80 сол аз байн рафт. Оё имрӯз зарурате ҳаст, ки дар шаҳри Душанбе ҳар як кас Қуръонро аз нигоҳи худаш маънидод кунад, ҳеҷ зарурат нест. Ба тағйири мазҳабу қабули равияҳои нав ва хосса равияҳои тозаэҷоди ифротии Ҳизб-Ут-Таҳрир, ки Қуръонро ба тарзи тафаккури гумроҳ ва иғвоангези худ таъбир мекунанд, надоранд ва надорем."
Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, рӯзе қабл ӯ бо 16 имомхатиби масоҷиди бузурги пойтахт сӯҳбате доштааст ва мавзӯи аслии ин мулоқот, пешгирӣ аз густариши фаъолияти равияҳои ифротӣ дар Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе, бояд ҳар фарди мусалмон фарзанди худро пеш аз ҳама равонаи мактабу маориф кунад, то насли ҷавон аз илму фанни муосир баҳравар шавад.
Носирҷон Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG