Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонуни нави муқобила бо AIDS


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки бемории норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният ё СПИД дар ин кишвар босуръат доман паҳн мекунад. Ҷумъабой Сангинов - вакили Маҷлиси намояндагон, ки лоиҳаи қонуни мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали ё AIDS-ро тавзеҳ мекард, афзуд теъдоди воқеии афроди мубтало ба бемориҳои HIV ва AIDS дар кишвар дар муқоиса бо омори расмӣ даҳ маротиба бештар шудааст.
Оқои Сангинов авомили зарурати қабули қонуни нави муқобила бо ин бемориҳоро чунин шарҳ дод: "Баъди даҳ сол аз қабули қонунии қаблии соли 1993 таҳдиди панҳшавии бемории масӯнияти одам дар ҷаҳони имрӯза хеле шиддати баланд гирифтааст."
Ҷумъабой Сангинов таъкид шудани арзёбӣ ё мониторинги фаъолияти соҳоти зиддахли мубориза бо бемориҳои HIV ва AIDS дар кишварро, ки дар қонуни қаблӣ ҷо надошт, аз дигаргуниҳои ҷиддии қонуни нав унвон кард. Тибқи иттиллои манобеъи расмӣ, Бунёди глобалии Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати мубориза бо ин беморӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши он дар Тоҷикистон дар давоми солҳои 2003 то 2008 даҳ миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
Мутобиқи омори расмӣ то октябри соли ҷорӣ дар саросари кишвар 454 ҳодисаи мубталошавӣ ба ин беморӣ - аз ҷумла дар Бадахшон 57, 178 нафар дар Суғд, 55 ҳодиса дар Хатлон, 18 нафар дар навоҳии тобеи марказ ва 146 бемори норасоии масӯнияти бадан дар Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG