Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таэквондоистони минтақа дар Душанбе ҷамъ меоянд


Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до (ITF)-и Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд, ин мусобиқа бо дастгирии кумитаи варзиши Тоҷикистон ва кӯмаки молиявии сарпараст - ширкати «Телеком Текнолоҷӣ» доир шуда, ғолибон бо медалу ҷоми хотиравӣ ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мешаванд.Ба гуфтаи ӯ, шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур намояндагони шаш бошгоҳи варзишии пойтахти ин кишвар, ҳамчунин аъзои бошгоҳҳои варзишии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, навоҳии Ашту Зафаробод ва Қубодиён ҳимоя мекунанд. Байни онҳо қаҳрамонони ҷаҳон миёни бузургсолон - бародарон Далер ва Дилшод Сайфиддиновҳо, Далер Тӯраев ва қаҳрамонони ҷаҳон миёни наврасон - Масрур Сатторов, Умриддин Насриддинов, Рустам Ӯлмасов , Далер Шарифӣ ва Мария Чернова ҳастанд.

Раҳбари Федератсияи таэквон-до ITF-и Тоҷикистон мегӯяд, дар айни ҳол дар манотиқи мухталифи ин кишвар беш аз се ҳазор кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба ин риштаи варзиш шуғл меварзанд.Нӯҳ варзишгари тоҷик муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон гаштаанд. Дастовардҳои назарраси варзишгарони Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ба назар гирифта, таъкид намуд Мирсаид Яҳёев, раҳбарони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии таэквон-до аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки барои баргузории мусобиқоти навбатии қаҳрамонии Осиё дар соли 2006 дар шаҳри Душанбе рухсат бидиҳад. Вай афзуд, итминон дорад, ки ин ташаббус аз ҷониби мақомоти олии кишвар дастгирӣ хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG