Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Овози Тоҷик" ин ҳафта чӣ гуфтааст?


Тошканд

Рӯзномаи "Овози Тоҷик"- чопи Тошканд ин ҳафта навиштааст, ки ба киштзорҳо табдил додани ҷангалзорҳои соҳили рӯдхонаҳои Омӯ, Сир ва Зарафшон ба коҳиши теъдоди оҳуи хонгул сабаб шудааст. Ин навъи оҳу ба "Китоби Сурх" ворид шуда, теъдоди маҳдуди он дар мамнӯъгоҳи Зарафшони Самарқанд таҳти ҳимоят қарор гирифтааст.

Ба навиштаи рӯзнома аз соли 1995 барои афзудани саршумори оҳуи хонгул дар Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон як барномаи вижа мавриди татбиқ қарор дода шудааст. "Овози Тоҷик" ишора кардааст, ки ҳоли ҳозир теъдоди оҳуи хонгул ба 26 сар расидааст.

Дар саҳифаи адабиёт рӯзнома аз рӯзгор ва фаъолияти нависанда Адаш Истад нақл кардааст, ки аз солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ба ин сӯ китобу маҷмӯъаҳои зиёди вай дар Тоҷикистону Узбакистон ба нашр расидааст. Ба навиштаи рӯзнома, Адаш Истад дар қатори Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳи Ниёзӣ, Болта Ортиқов ва қаламкашони дигари самарқандӣ дар таърихи адабиёти тоҷик боқӣ хоҳад монд.

Дар ин саҳифа рӯзнома ҳамчунин аз чакидаҳои хомаи Ҳамробой Илҳоми Фарғонӣ, Гулдонаи Исматиён ва Муҳаммадҷон Шукурзодаи Сурхонй намунаҳои шеърй чоп карда, дар радифи он Накҳати Дастагирзода ва Аббоси Вафоъ парчамбардорони шеъри форсиро аз Афғонистон ва Эрон ба муштариён муаррифӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG