Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми идонаи президент Раҳмонов дар арафаи Иди Фитр


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми табрикияш ба мардуми кишвар ба муносибати Иди саиди Фитр аз онҳо даъват намуд, ба сулҳу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ кӯшиш кунанд.
Дар ин паём раҳбари Тоҷикистон Иди Фитрро аз мӯътабартарин идҳои исломӣ ва моҳи рамазонро ангезандаи фазилатҳои нек, монанди саховатмандӣ ва ҳимоят аз ятимону барҷомондагон, маъюбону пиронсолон номид. Вай гуфт, фарҳанги миллии тоҷикон бо фарҳанги исломӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва иди Фитр ба мардум ҳисси тафоҳум, баробарию бародарӣ, ҳусни тадбир ва созгориро ато мекунад.
Президент Раҳмонов гуфтааст, ки раҳбарияти Тоҷикистон аз чунин худшиносии мардумӣ истиқбол мекунад ва онро асоси ваҳдати миллии Тоҷикистон мешуморад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба сафари ахираш ба дафтари Юнеско ва вазъи кулли ҷаҳон, гуфт, эътиқоди қавӣ дорад, ки тундгароӣ ва ситезаҷӯиро наметавон ба ҳеч яке аз динҳои ҷаҳон нисбат дод.
XS
SM
MD
LG