Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоидаи "Амонатбонк" имсол беш аз 4 000 000 $ шудааст


Маҳмадамин Маҳмадаминов, раиси "Амонатбонк"-и Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, бонки мазкур ҷиҳати кӯмак ба мардуми камбизоати кишвар, ба хонаводаҳои ниёзманди навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон, ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ,муодили 1 миллион доллар, қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи камтарин ироа кардааст. Оқои Маҳмадаминов гуфт: "Нахустин бор аз ҳисоби будиҷаи давлат, барои мардуми камбизоати кӯҳистони Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва бо фоизи камтарин, бо 7 фоиз дода шуд. Ман фикр мекунам, ин як такони хубе шуд дар пешрафти зиндагии мардуми ниёзманди мо ва ин қарзҳо то 1 октябри соли равон, 100 фоиз баргардонда шуданд".

Ҷаноби Маҳмадаминов афзуд, феълан боварии мардум ба амонатбонк бештар гаштаааст ва дар 9 моҳи соли равон, танҳо аз ҳисоби пасандози аҳолӣ 12 миллион сомонӣ ба хазинаи бонки мазкур ворид шудааст Ин дар ҳолест, ки аз авали сол маблағҳои пасандози муштриён, танҳо 5, 5 миллион сомониро ташкил мекард. Маҳмадамин Маҳмадаминов: "Агар солҳои пеш боварии мардум ба бонкҳо камтар шуда бошад, феълан боварии эшон зиёд шудааст. 22 фоизи маблағҳои воридшударо ба амонатбонки Тоҷикистон пасандозҳои аҳолӣ ташкил мекунад."

Тибқи маълумоти Бонки Амонатии Тоҷикистон, тайи 9 моҳи ахири соли равон, тариқи 60 нуқтаи интиқоли "Амонатбонк", беш аз 92 миллион сомонӣ ба хазинаи ин бонк ворид гаштааст. Дар ин муддат даромади софи "Амонатбонк" ба 13,1 миллион сомонӣ ё 4 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст, ки ин нисбат ба ибтидои сол 2,5 баробар зиёд аст. Феълан бонки мазбур, ба 500 ҳазор бознишастагони Тоҷикистон, нафақапулӣ пардохт менамояд.

Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ, бо кӯмаки молии Бонки Рушди Исломӣ, дар ояндаи наздик қарор аст, "Амонатбонк"-и Тоҷикистон таҷдид ва бо техникаву таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардонда шавад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG