Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиҷоб ва мина


Нашрияи «Миллат» матлаби худро «Ҳиҷобдорҳо ба мадраса, беҳиҷобҳо ба дискоклуб?» унвон карда вазири маорифи кишварро мухолифи ҳиҷоб номидааст. «Миллат» навиштааст, вазири як кишвари мусалмон чаро пайравӣ аз Фаронса мекунад ва ҳиҷобпӯшҳоро ба сӯи мадраса ишора менамояд? Муаллифи матлаби «Миллат» ҳайрон аст, ки агар духтаре хоҳад, ки рӯсарӣ дошта бошад ва таҳсил дар факултаи физикаро бихоҳад, пас бо он ки рӯсарии худро партофтан намехоҳад, оё ҳаққи таҳсил дар факултаи физикаро надорад? Сардабири ҳафтанома мутаҳаййир аст, ки вазири маорифе, ки тайи чанд соли ахир нахустин бор ҷомеаро умедвори беҳбудиҳо дар ин соҳа гардонидааст, чаро кунун худро муқобили ҳадди ақал як қишри ҷомеа мегузорад?

«Азия - Плюс» навиштааст, пас аз он нишасти матбуотӣ, унвонии раҳбарони вазорати маориф таҳдидҳое ворид шудааст. Нашрия бо донишҷӯёни ҳиҷобпӯш ҳамсӯҳбат шудааст, ки онҳо аз фишорҳои мақомоти донишгоҳҳо шадидан нигарон будаанд. Ин духтарон гуфтаанд, аз баҳри таҳсил мегзаранд, вале ҳиҷобро нахоҳанд партофт. Шӯрои Уламои Тоҷикистон аз шарҳи вазъ худдорӣ кардааст, вале ҳуқуқшиносон гуфтаанд, манъи пӯшидани ҳиҷоб помоли ҳаққи диндор аст ва монеъи иҷрои муқаррароти мазҳабии нафаре шудан, аз рӯи қонун ҷавобгарӣ дорад.

Акси кӯдаке, ки аз ду по маҳрум асту дар аробаи махсуси худ нишаста ва ашконашро пок дорад, дар сафҳаи нахусти «Азия - Плюс» чоп шудааст. Хабарнигори нашрия аз минтақаи минкоришудаи ноҳияи Исфара, дар марзи Тоҷикистону Узбакистон дидан кардааст. Матлаб аз ҳаводиси ҳузнангези зиёди бархӯрдҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минаҳо, аз маргу ҷароҳатҳои занону наврасон қисса кардааст. Сокинони деҳоти атроф гуфтаанд, дар заминҳое, ки онҳо дар айёми тифлӣ шӯхиву бозӣ мекарданду бузу гӯсфанд мечарониданд, кунун қадам гузошта наметавонанд. Дар панҷ сол, дар марзҳои Тоҷикистон бо Узбакистон минаҳо ҷони 75 нафарро рабудаанд ва миёни ин афрод ягон террорист ҳам натаркидааст. Юсуфҷон Аҳмадов, вакили порлумони Тоҷикистон гуфтааст, аз сабаби он ки марзи байни ду кишвар ҳанӯз ҳам то охир таъин нашудааст, эҳтимол дорад, ки Узбакистон минаҳоеро маҳз дар хоки Тоҷикистон коридааст.
XS
SM
MD
LG