Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими ҷилавгирӣ аз ибодати наврасон дар масоҷид


Ҳузур ва иштироки кӯдакону наврасон дар маросими динӣ ва аз ҷумла барои адои намоз дар масоҷид дар як ҷаласа бо ширкати раҳбарони Шӯрои уламои исломӣ, Кумитаи дини Тоҷикистон ва имомхатибони масоҷиди Душанбе ва навоҳии атрофи он дар Маркази Исломии ин кишвар рӯзи 28 октябр баҳсу баррасӣ шудааст.
Муродулло Давлатов - раиси Кумитаи дини Тоҷикистон яке аз иштирокдорони нишаст гуфт, ҳадаф аз даъвати имомхатибони масоҷид ва масъулини умури динӣ таъкиди риояти ҳатмии қавонини кишвар дар муассисоти динӣ ва тавзеҳи тадобири рӯидастгирифтаи давлат ҷиҳати танзими ҳузури кӯдакон ва наврасон дар масоҷид мебошад. Оқои Давлатов гуфт, наврасони то синни то шонздаҳсола минбаъд танҳо бо изни хаттии волидон метавонанд, дар намози ҷомеъ дар масоҷид иштирок кунанд:
"Вақти дарсҳо дар макотиб баъзе кӯдакон дар масоҷид ва намозҷойҳо ба ибодат машғул мешаванд, ки ин ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқат намекунад."
Оқои Давлатов афзуд, ки аз имомхатибон ва дигар масъулини умури динӣ даъват шудааст, то бо волидони кӯдакон сӯҳбатҳо ороста моҳияти масъаларо бифаҳмонанд. Вай гуфт, тибқи Қонуни Асосӣ, Тоҷикистон давлати дунявӣ эълом ва эътироф шуда ва усули ҷудоии дин аз давлат ва дахолат накардани дин ба умури давлат бояд муроот шавад. Бар асоси қонуни маориф дар бораи таълими ҳатмии умумӣ, муҳассиллин дар сооти таълимӣ наметавонанд, машғули кори дигар бишаванд.
Ин дар ҳолест,ки бархе аз рӯҳониён ва намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз чунин иқдом интиқод карда ҷилавгирии ширкати наврасон дар масоҷидро нақзи ҳуқуқ ва хилофи озодии эътиқод арзёбӣ карданд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG