Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дзюдо ва футбол


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо байни наврасони кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик дар шаҳри Твери Русия соҳиби ҳафт медали тилло шуд. Бино ба иттилоъи Давлат Азимов, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ гуштигирони навраси тоҷик - бародарон Файзалӣ ва Сайдалӣ Ҷебовҳо, Муҳаммад Мирзоев, Лутфуллоҳ Розиқов, Сафарбек Ҳайдаров, Мурод Каримов ва Шоҳрух Давлатов дар рақобатҳои инфиродӣ бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, дар вазни худ мақоми аввалро касб намуданд.

Давлат Азимов ҳамчунин ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки 6 ноябр бахшида ба рӯзи Қонуни Асосии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонони тоҷик баргузор мешавад. Вай афзуд, барои ширкат дар ин мусобиқа ҳамчунин гуштигирон аз Афғонистон, Эрон ва Узбакистон даъват шудаанд. Ғолибони рақобатҳо бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо, аз ҷумла се мошини сабукрави тамғаи «Жигули» сарфароз мешаванд.

Ва ҳоло ба таваҷҷӯҳи мухлисони футбол. Бошгоҳи «Ал-Файсал» - и Урдун барандаи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) гардид. Ин даста, ки дар дидори аввал дар меҳмонӣ бар тими «Ал-Наҷма»-и Лубнон бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуда буд, дар бозии ҷавобӣ низ дар майдони худ бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард. Нахустин барандаи Ҷоми AFC тими «Ал-Ҷаиш» - и Сурия (соли 2004) маҳсуб мешавад.

Аввалин бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC байни тими мизбон - «Ал-Айн»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ва дастаи меҳмон - «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саъудӣ бо натиҷаи мусовӣ - 1 бар 1 хотима ёфт. Бозии ҷавобӣ 5 ноябр дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ баргузор шуда, севвумин ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо муайян мешавад. «Ал-Айн» соли 2003 аввалин барандаи Лигаи қаҳрамонҳо гашта, соли гузашта дар ин мусобиқа «Ал-Иттиҳод» муваффақ шуда буд.
XS
SM
MD
LG