Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Зоиров: "Номзади ҲСД дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад ҷуст"


Раҳбарияти ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон эълом дошт, ки дар интихоботи раисиҷумҳур дар тирамоҳи соли оянда номзади худро пешбарӣ хоҳад кард. Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, вай метавонад ҳудуди 50 нафар, аз ҷумла 10 занро ба унвони номзади арзанда ба маснади раисиҷумҳур пешбарӣ намояд. Ба гуфтаи оқои Зоиров, аммо Эмомалӣ Раҳмонов, президенти амалкунандаи Тоҷикистон, мувофиқи Сарқонуни ин кишвар, дигар ҳаққи ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурро надорад:.

Раҳматулло Зоиров зимнан аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъди интихоботи парлумонии моҳи феврал тазйиқу фишор ба аъзои ҳизби сотсиал - демократ аз сӯи мақомоти кишвар афзудааст ва фаъолони ин ташаккули сиёсӣ дар маҳалҳо ба ин ё он баҳона ҳатто ба зиндон кашида мешаванд. Раиси ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон дар ин робита ба боздошти Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруф ва яке аз фаъолони ҳизби мазкур дар вилояти Суғд гуфт, дар таҷрибаи Тоҷикистон боре нашудааст, ки танҳо барои дипломи тақаллубӣ шахси гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шавад.

Оқои Зоиров гуфт, Турдӣ Нормуродов, яке аз дигар ҷонибдорони фаъоли ҳизби сотсиал - демократ дар ноҳияи Шаҳритӯс, низ аз мақоми сарварии таълимгоҳ ва раисии ҷамоат барканор шудааст. Вай афзуд, ин амали ҳукуматдорони Шаҳритӯс вақте сурат гирифт, ки Турдӣ Нормуродов бо тарғиби ғояҳои ин ҳизб дар маҳал 50 фисади раъйи сокинони ноҳияро дар интихоботи парлумонӣ ба фоидаи ҳизби сотсиал-демократ ҷамъ овардааст. Оқои Зоиров ҳамчунин гуфт, дар навоҳии Қубодиён, Бохтар, Вахш ва Исфара низ масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ ба манзилҳои истиқомати аъзои ҳизби вай омада ва онҳоро мавриди таъқиб қарор медиҳанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG