Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӯҷаро омор дар тирамоҳ мешуморад


Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон рӯзи 25 октябр зимни як нишасти хабарӣ гуфт, зарфи 9 моҳи аввали соли равон дар тавлиди маҳсулоти дохилӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта танҳо панҷ дарсад афзоиш мушоҳида шудааст. Агарчанд ин фоизи қобили мулоҳизае нест, аммо ба гуфтаи оқои Шаҳбозов, боз ҳам дарак медиҳад, ки иқтисоди кишвар дар як ҷой шах нашудааст. Ба ҳар ҳол, мегӯяд раиси кумитаи омори Тоҷикистон, тавозуни тиҷорати хориҷӣ дар кишвар тайи ин 9 моҳ манфӣ будааст. Оқои Мерганов мегӯяд, воридоти мол назар ба содирот афзун мебошад, ки ин ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намекунад: "Баланси савдо манфӣ буда, 302 миллион долларро ташкил кард. Ин чунин маънӣ дорад, ки молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад ва барои харидории ин молу коло асъори хориҷии Тоҷикистон ба хориҷ меравад."

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳ 1 милиарду 500 миллион долларро ташкил додаст. Шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон, назар ба маълумоти оморӣ, ҳамчунон Ҳолланду Русия, Эрону Чин ва Узбакистон боқӣ мондаанд. Оқои Шаҳбозов гуфт, дар ин миён Чин ва Эрон ба гунаи қобили мулоҳизае вориди бозорҳои Тоҷикистон гаштаанд: "75 фоизи молҳо аз Чин ворид мешаванд ва тамоми маҳсулоти ғизоие, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш рафта истодааст, тавлидоти Эрон аст. Ҳол он ки заминҳои барои киштукори шолӣ мавҷуд дар Тоҷикистон ва ҳосили ғаллае, ки имсол ба даст омад, метавонанд 65-70 дарсади мардуми кишварро бо ин ду навъи маҳсулот таъмин кунанд."

Ба гуфтаи раиси кумитаи омори Тоҷикистон, дар ин миён 25 дарсади корхонаҳо ба далоили мухталиф аз кор боз монда, вале тавлидоти бархе фаровардахои дохилӣ, аз ҷумла гандум, картошка, шир, гӯшт ва ғайра афзоиш нишон додааст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон сафи истифодакунандагони интернет се баробар афзуда ва шумори касоне, ки телефони ҳамроҳ (мобайл) доранд, ба 350 ҳазор нафар расидааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG