Бино ба хабари пулиси вилояти Тулаи Русия, дар каронаи шаҳри Тула, дусадкилометрии Маскав ахиран як шаҳрванди муҳоҷири тоҷик кушта шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи идораи умури дохилаи вилояти Тула Светлана Михайлова, ташхиси пизишкӣ маълум кардааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи зарбаҳои шадид ҳалок шудааст. Хонум Михайлова ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: "Бино ба ташхисоти пизишкӣ, шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш - 1972, ки ҷасади вай аз назди сохтмони маскунии хиёбони Некрасов, воқеъ дар ноҳияи Марказӣ ёфт шуд, дар асари зарбаҳое ҳалок шудааст, ки ба сараш расидааст. Дар робита як марди маҳаллии таваллуди соли 1957 дастгир шудааст."
Муфаттиши ноҳияи марказии шаҳри Тула Василий Куптсов, ки бозрасии ҳодисаро бар ӯҳда дорад, ба хабарнигорон гуфтааст, дар робита ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар қиболи шахси дастгиршуда бо қисми 4 моддаи 111 қонуни ҷиноӣ парванда боз шудааст ва боздоштшуда феълан дар зиндон ба сар мебарад. Бино ба ин модда, ба ҷинояткор аз 5 то 15 сол зиндон таҳдид дорад. Муфаттиш ташреҳ кардааст, ки дар заминаи хусумати шахсӣ байни як сокини Тула ва қурбонии вай муноқиша бархоста ба задухӯрд мепечад ва дар натиҷаи зарбаҳои зиёд шаҳрванди 33 - солаи Тоҷикистон ҳалок гардид. Намояндаи додситонии Тула гуфтааст, дар ин моҷаро ривояти хусумати миллӣ баррасӣ нахоҳад шуд. Вай ҳамзамон тавзеҳ додаас, ки шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон дар хоки Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурд ва дар ҳошияи Тула дар сохтмон кор мекард. Вай ҳамчунин иттилоъ додааст, ки айни ҳол ҳамватанони шахси ҳалокгардида, ки низ ғайриқонунӣ дар минтақа ба сар мебурданд, дастгир шудаанд ва дар боздоштгоҳи муваққат дар интизори ихроҷ аз марзҳои Русия ба сар мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, ки ҳар ҳафта аз фурудгоҳҳои пойтахти Русия ба Тоҷикистон ҷасади 3 - 4 муҳоҷир интиқол карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 10 хатти парвоз фаъол аст. Бино ба омори додситонии нақлиёти Тоҷикистон, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 155 ҷасади шаҳрвандони тоҷик мунтақил шудаанд, ки беш аз 40 нафари онҳо кушта шудаанд.
Муыаммадраыими Сайдар, Маскав