Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридот + воридот = содирот


Бино бар иттилоъи кумитаи омори вилояти Суғд, дар давоми 9 моҳи аввали соли равон минтақаи шимолии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба маблағи наздики 280 миллион доллари Амрико тиҷорат доштааст. Содироти мол аз Суғд ба кишварҳои хориҷӣ дар ин давра беш аз 90 миллион ва воридоташ беш аз 185 миллион долларро ташкил додааст. Кумитаи омор мегӯяд, аз минтақаи Суғд назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи наздики 2 миллион доллар мол камтар содир шуда, вале ба минтақа ба маблағи 5,5 миллион доллар моли зиёдтар ворид гаштааст, яъне таносуби байни содироту воридот дар вилояти Суғд қариб 2 баробар манфӣ аст.Анвар Ёқубов, ёвари раиси вилояти Суғд чунин тамоюли пастравии содирот дар минтақаро чунин шарҳ медиҳад: «Зиёда аз 20 дар сади ҳаҷми содироти Суғдро нахи пахта ва маҳсулоти тавлидии аз он ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли 2004 нархи нахи пахта нисбат ба арзиши имсолаи он баландтар буд ва ин ба нишондиҳандаи содирот таъсир гузошт.»

Дар давоми соли ҷорӣ ду корхонаи бузурги муштараки вилоят - «Кабоол Тоҷик Текстайлз» ва «Зарафшон», ки ба коркарди нахи пахта ва тилло ихтисос доранд, мутаносибан ба маблағи наздики 4 ва беш аз 2,5 миллион доллар камтар маҳсулот омода ва содир кардаанд.Дар мавриди афзоиши ҳаҷми воридот ба Суғд Анвар Ёқубов - ёвари раиси вилояти Суғд мегӯяд «Мо дар фасли тирамоҳ аз Қирғизистон нирӯи барқ харида истодаем ва ин ҳам ба болоравии ҳаҷми воридот асар гузоштааст.» Ба гуфтаи Анвар Ёқубов, аз вилояти Суғд асосан нахи пахта ва матоъву либоси пахтагин, тиллову нуқра ва фулузоти сиёҳ, абрешим ва меваю сабзавот содир карда шуда, ба вилоят нафт ва маҳсулоти нафтӣ, таҷҳизоти гуногун, маводи сохтмон ва амволи ғизоӣ ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG