Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон чӣ гап?


Мақомоти амниятии Озарбойҷон ба воситаи телевизиони сартосарӣ изҳорот нашр карданд ва гуфтанд, вазири иқтисодиёт Фарҳод Алиев, ҳамнасаби президенти ин кишвар, якҷо бо раиси ҳизби демократи Озарбойҷон Расул Гулиев нақша доштанд, бо истифода аз зӯр, раҳбари феълӣ Илҳом Алиевро аз мақомаш барканор кунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки Гулиев баъд аз як муҳокима дар додгоҳи Симферопол, озод шуда, ба Лондон баргашт ва ҳам то интихоботи порлумонии Озарбойҷон ду ҳафта мондааст.
Таҳлилгарон ҳабсу истеъфоҳои ахирро ба бозгашти эҳтимолии Гулиев ва интихобот бастагӣ медиҳанд.
Дар изҳороти давлат гуфта мешавад, Фарҳод Алиев ба тарафдорони Гулиев сад ҳазор евро тақсим кардааст, то ҳангоми бозгашти Гулиев ба Боку даст ба нооромиҳо зананд. Мақомот мегӯянд, далелҳои ҷиддиеро дар бораи табаддулотаз вазири собиқи молия Фикрат Юсуфов ба даст овардаанд. Юсуфов якҷо бо собиқ вазири тиҷорати хориҷӣ Наҷот Қулиев аввали ин ҳафта боздошт шуда буд.
Раиси муҳоҷири Ҳизби демократи Озарбойҷон ва собиқ раҳбари порлумони ин кишвар Расул Гулиев ҳанӯз дар Симферопол дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт: "Мавҷи нави таъқибу фишор дар Озарбойҷон шурӯъ шуд. Ҳукумат мегӯяд, ки оппозисюн ба табаддулот омодагӣ медид ва ман гӯё раҳбари табаддулот будаам. Мо ин қабил афсонаҳоро аз соли 1993 ба ин сӯ мешунавем. Ман Фарҳод Алиевро аслан намешиносам ва ҳаргиз бо Юсуфов мулоқот накардаам."
Таҳлилгари мустақил ва собиқ раҳбари ҳизби Сотсиал- демократи Озарбойҷон Зардушт Ализода дар бораи вазъият дар кишвараш мегӯяд: "Барои як кишвари демократӣ вазъият дар Озарбойҷон аҷоиб ва ғайриоддист. Аҳолӣ ба ҳеҷ кас, на ба ҳукумат ва на ба оппозисюн бовар надорад. Ба додгоҳу додситон низ. Агар ҳатто ҳукyмат, вазорати корҳои дохилӣ ва додситони кул гӯянд, ки дар бораи иртиботи Фарҳод Алиев ва Расул Гулиев далелҳо доранд, ҷомеъа ба ҳақиқат будани ин шубҳа хоҳад кард."
Баъд аз чанд соати ҳабси вазири иқтисодиёт, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчунин вазири беҳдошт Алӣ Инсонов ва корманди дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Акиф Муродбердиевро аз вазифа сабукдӯш кард. Инсонов яке аз ёвари наздики падари Илҳом, президенти собиқ Ҳайдар Алиев буд.
Коршиноси мустақил дар Боку, Шоҳин Аббосов дар бораи сабабҳои эҳтимолии ин рӯйдодҳо ба радиои Озодӣ мегӯяд: "Ман мутмаъинам, дар ин ҷо ягон чизи ҷиддие ҳаст. Он қадар ҷиддӣ ки онҳоро маҷбур кард, бо шитоб даст ба амал зананд. То интихобот ду ҳафтаи дигар мондааст ва ин рӯйдодҳо барои ҳукумат хуб нестанд. Онҳо дар байни аъзои ҳукумат тарсу ҳаросро паҳн мекунанд. Ба фикри ман, ин ҷо ягон чизи ҷиддие ҳаст. Вагарна, онҳо метавонистанд, то поёни интихобот сабр кунанд."
Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида аз ҳабсҳои, ба гуфтаи он оммавӣ ва боздошти тарафдорони оппозисюн изҳори нигаронӣ карда, як намояндаи баландпояи худро ба ин кишвар фиристодааст.
Ва коршиносони дигар мегӯянд, асли воқеъаро рақобати қудрат дар байни вазирон ва кӯшишҳои бозтақсими моликияту соҳаҳои нуфуз ташкил медиҳад дар кишвари дорои захираҳои бузурги нафт. Вале боз ҳам суол ин аст, ки чаро авҷи ин рақобатҳо ба давраи интихоботи порлумонӣ рост омадааст.
XS
SM
MD
LG