Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс ва Мавлоно Румӣ


Ҳафтавори «Миллат» дар як матлаби дусафҳагӣ ин сафарро мунъакис ва таҳлил карда ва бозтоби тағйири сиёсати Амрико дар қиболи минтақа номидааст. Ҳафтанома навиштааст, баёнияи ахири кишварҳои узви созмони Шонҳой ва тасмими иттиҳоди Созмони АвруОсиё ва Ҷомеаи ҳамкории Осиёи Марказӣ, абарқудрати моварои уқёнусро таҳрик ба фаъол сохтани дипломатияаш додааст.

«Азия - Плюс» навиштааст, барои Райс Душанбе дар муқоиса бо Бишкеку Остонаву Исломободу Маскав осонтарин маҳалли гуфтушунидҳояш буд.

«Миллат» афзудааст, Райс аз имкони фаъолияти як ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон ситоиш кардааст, бо таваҷҷӯҳ ба он ки кишварҳои ҳамсоя бо гурӯҳҳои мазҳабии сиёсии худ мушкил доранд.

«Наҷот» дар бастагӣ ба сафари бону Райс ба Душанбе бо Муҳиддин Кабирӣ, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ҲНИТ сӯҳбат оростааст. Ҷаноби Кабирӣ ҳарфҳои раҳбари сиёсати хориҷаи Амрикоро овардааст, ки ба ҳини дастфишорӣ бо Кабирӣ гуфтааст, «Тамоми рӯз аз шумо ҳарф мезадем», манзураш Ҳизби Наҳзат албатта. Ҷаноби Кабирӣ гуфтааст, фаъолияти ин ҳизб аст, ки ба Тоҷикистон имиҷи кишвари демократиро додааст, вагарна чӣ фарқе миёни Тоҷикистон ва Турманистону Узбакистон мемонд? Ва аммо, гилагузорӣ кардааст Муҳиддин Кабирӣ, мақомот атрофи фаъолияти танҳо ҳизби исломӣ дар минтақа дӯст доранд, бо хориҷиён ҳарф бизананд, вале дар сиёсати дохил ба назари ҷаноби Кабирӣ, таҳрифоте атрофи Наҳзат ҷой доштааст.

«Зиндагӣ» ҷавобияи Муҳаммадшариф Ҳимматзода, муовини дигари раиси Ҳизби Наҳзатро ба Комил Бекзода, устоди фалсафа дар донишгоҳи миллӣ чоп кардааст. Комил Бекзода, ки ҳафтае қабл дар саҳафоти ҳамин нашрия андешаҳои худро нисбат ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ иброз дошта буд. Ва аммо Муҳаммадшариф Ҳимматзода навиштааст, Комил Бекзода шахсиятеро мавриди истеҳзо ва тамасхур қарор додаву ӯ ва ашъори ӯро беақлу беақлона ва бехираду бехирадона номидааст, ки ҷаҳон шефтаи он нафар аст. Муҳаммадшариф Ҳимматзода гуфтааст, аз шӯҳрати ҷаҳонии «Маснавӣ» бояд ифтихор намуд, вале ҳаммиллати Мавлавӣ аврупоиёнро эрод мегирад, ки «Маснавӣ» чӣ мояи ифтихор дорад?

Ҳафтаномаи «Наҷот» низ дар матлабе дар ин маврид тааҷҷуб кардааст, ки чаро бархе аз зиёиёни имрӯз гоҳе ба Ислом, гоҳе ба Қуръон ва пайғамбар дармеафтанд, ки ҳама ғайранд гуфта ва акнун аз гиребони бузургони миллати худ доштаанд.

Ва як хабаре аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон».Ин хабар ҳокӣ аз боздошти Ҷаваршо Чолов, собиқ фармондеҳи яке аз дастаҳои Фронти Халқӣ ва бародари Қурбон Чолов, собиқ қумондони бригадаи Фронти Халқӣ мебошад. Ӯ бо иттиҳоми лату кӯб ва гаравгонгирии духтари 15-солае дар соли 1994 боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG