Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи муҳокимаи Саддом Ҳусайн


Муҳокимаи додгоҳии раиси ҷумҳури пешини Ироқ Саддом Ҳусайн, ки дар ҷиноятҳои башарӣ муттаҳам мешавад, имрӯз дар шаҳри Бағдод шурӯъ шуд ва баъди баҳсҳои зиёд ба таъхир андохта шуд. Вакилони дифоъи Саддом Ҳусайн аз додгоҳ хостанд, муҳокима то се моҳи дигар ба таъвиқ андохта шавад.
Саддом Ҳусайн дар нахустин рӯзи додгоҳ дар робита ба иттиҳомоти ҷиноятҳо ба зидди башар худро бегуноҳ номид ва ба дархости додрас, ки номи ӯро пурсид, ҷавоб надод ва ҳамчунин гуфт, ки ин додгоҳро эътироф намекунад. Саддом Ҳусайн ва ҳафт шарикаш аз ҳизби "Баъс"-и Ироқ ба он муттаҳам мешаванд, ки соли 1982 баъди сӯиқасди ноком ба ҷони Саддом Ҳусайн дастури қатли 140 нафар шиамазҳабро содир кардаанд.
XS
SM
MD
LG