Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кудрин: "Муҳоҷирон мушкили моро ҳал хоҳанд кард."


Клея Бигг Вазири молияи Русия Алексей Кудрин хостори он шуд, то ки муқаррарот барои фаъолияти муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар осон карда шавад. Вай гуфт, Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад, то ки аз бӯҳрони демографии кишвараш ҷилавгирӣ кунад ва ба нерӯи кории нокофиаш қувва зам намояд. Аммо қавонини феълии Русия ҳамчунон муҳоҷиронро аз гирифтани мақоми муҳоҷири қонунии корӣ дилсард мекунанд.

Чунин ба назар мерасад, ки дар шаҳри Маскав, хонасозӣ мӯд шудааст. Фаъолияти бинокорон, ки замин мешикофанду месозанд, кӯчаҳоро ба ларза меорад ва аз ҳар кунҷи Маскав биноҳои қоматбаланд сар мекашанд. Аммо он воқеъият ба чашм камтар мехӯрад, ки ин биноҳои истиқоматӣ ва манораҳои зебо ба дасти артиши асосан муҳоҷирони ғайриқонунӣ, камбизоат ва каммузди кишварҳои собиқи шӯравӣ бунёд мешаванд.

Ҳикмат шаҳрванди Тоҷикистони камбизоат се сол боз дар Русия ба кори сохтмон машғул аст. Ҳоло вай дар дили шаҳри Маскав ҳамроҳи дигар ҳамватанонаш бинои оҳанину шишагии як ширкати тиҷоратиро месозад.
Ҳикмат қисми зиёди маоши хурди худро, ки тақрибан 400 доллар аст, ба ҳамсару се фарзандаш ба Тоҷикистон мефиристад. Яъне барои ӯ пуле боқӣ намемонад, то ки хонаеро дар Маскав иҷора гирад ва барои ҳамин Ҳикмат дар ҳамон сохтмонҳо хоб мекунад, ки албатта аз оддитарин шароити зиндагӣ маҳруманд.

Хонаи имрӯзаи Ҳикмат ва ҳамкорони дигараш ошёнаи дуввуми хонаи нимбунёд аст, ки як кунҷи кушодаи он бо оҳанпораҳои зангзада баста шудааст. Мебели ин хона, аз мизу катҳои тахтагини худсохти бисёр содда иборат аст. Ин хона на оби сард дорад ва албатта на гарм ҳам агарчӣ зимистони қаҳратуни Русия наздиктар мешавад.
Барои шустани сару бадан, муҳоҷирон обро дар зарфи калоне гарм мекунанд.

Ҳикмат, танҳо 30 сол дорад, аммо бисёр хаставу азиятдида ба назар мерасад. Вай мегӯяд, шароити сахт ӯро аз зиндагӣ безор кардааст:

"Худатон мебинед, ки мо чӣ гуна зиндагӣ мекунем. Шароит комилан бад аст. Ҳамин хел дар сохтмонҳо зиндагӣ мекунем, шабҳо сард аст, аммо ҳоло тоқат мекунем. Вале агар ҳақиқатро гуям, мо зиндагӣ намекунем, мо танҳо вуҷуд дорем. Ин зиндагӣ нест."

Ҳикмат мисли бисёре аз коргарони сохтмонҳо ягон ҳуҷҷати расмии кор надорад. Чанде пеш мақомоти хадамоти муҳоҷирати Русия шикоят доштанд, ки беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир дар шаҳри Маскав ғайриқонунӣ кор мекунанд, аммо ҳамзамон эътироф намуданд, ки Русия воқеан ташнаи нерӯи корӣ мебошад. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва дигар мақомоти олирутба пайваста гуфтаанд, қонунҳои муҳоҷиратро бояд таҷдиди назар кард, то ки муҳоҷирони кории хориҷӣ ба Русия бештар биёянд.

Алексей Кудрин вазири молияи Русия рӯзи душанбе гуфт, лозим аст, то ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ иҷозаи кор дода шавад, зеро онҳо аз додани андоз ва сабти иқомати расмӣ дигар нахоҳанд тарсид.

Аммо дар воқеъ барои беҳтар кардани вазъи муҳоҷирин дар Русия кори зиёде анҷом нашудааст. Муқаррароти гирифтани кори расмӣ ва сабти иқомат бисёр печида ва тулонӣ аст ва аз ин сабаб бисёре аз муҳоҷирин дархости расмии кор намекунанд. Кордиҳандаҳо ҳам чандон майл надоранд, ки барои ҷалби муҳоҷири хориҷӣ ба кор аз Хадамоти Федералии Муҳоҷират иҷоза бигиранд, зеро гирифтори дарди сари бисёр хоҳанд шуд.

Созмони Муҳоҷират ва Ҳуқуқ дар Маскав мегӯяд, беш аз 90 дар сади ширкатҳои русӣ ҳаққи расмии гирифтани муҳоҷирони кориро надоранд. Ва мақоми қонунӣ надоштан муҳоҷиронро дар назди афсарони полис осебпазир мекунад. Пулис ба муҳоҷирин таҳдид мекунад, ки агар ришва надиҳанд, онҳоро ба идораи полис мебаранд ва аз ё кишвар хориҷ мекунанд. Бархе аз кордиҳандагон ҳам бо назардошти ин ки муҳоҷирин кори ғайриқонунӣ мекунанд ва қодир ба ҳаққи худ дар додгоҳ нестанд бо онҳо беадолатӣ мекунанд.

Равшан - ҷавони узбакистонӣ ҳамроҳи Неъмат дар як сохтмон кор мекунад. Ӯ ҳашт сол боз дар сохтмонҳои Русия кор карда ва шароити бадтарро низ дидааст. Ӯро таҳқири кормандони пулис ба хашм меорад. Агарчӣ Равшан ба истиснои дигар ҳамкоронаш иҷозаи расмии корро дорад, аммо ин иҷозанома низ ӯро аз ҷабри афсарони олуда ба фасоди полис раҳо накардааст:

"Милиса моро ғорат мекунад. Агар пул надошта бошем, телефонҳои ҳамроҳамонро мегиранд ва маҷбур мекунанд, ки ба онҳо пул биёрем. Вақте онҳо моро мебинанд, хурсанд мешаванд, чунки мо барои онҳо мисли гӯшт ҳастем. Агарчӣ сабти расмии иқомат дорем, аммо баъзан 100 рубл ва ё 200 руб деҳ мегуянд. Умуман моро ғорат мекунанд."

Аммо бадтар аз ҳама он аст, ки санадҳои додаи кордиҳанда таққалубӣ бошанд. Равшан мегӯяд, дар ин ҳолат бояд муҳоҷир 50 доллар ришва бидиҳад, то ки ба чанголи мақомоти хадамоти муҳоҷират наафтад.

Ба гуфтаи Алексей Кудрин - вазири молияи Русия, агар коҳиши шумораи аҳолӣ ҳамин гуна идома кунад, дар 20 соли оянда Русия солона як миллион нафарро аз даст медиҳад. Ва дар ин ҳолат зоҳиран муҳоҷират танҳо ҳалли мантиқии мушкили норасоии нерӯи корӣ хоҳад буд.

Аммо талошҳо барои пеш гирифтани сиёсати дарҳои боз барои муҳоҷирон дар Русия зоҳиран ба муқовимат рӯ ба рӯ мешаванд. Бадбинии русҳо ба муҳоҷирони хориҷӣ бахусус ба онҳое, ки аз Осиёи Марказӣ ва Қафқозу Чин меоянд зиёдтар мешавад. Як назархоҳӣ дар Русия имсол нишон додааст, ки 49 дар сади русҳо нисбат ба муҳоҷирон нигоҳи манфӣ доранд. Чил дар сади дигар гуфтаанд, ки мехоҳанд Русия қонунҳои сахттари муҳоҷиратро қабул кунад.
XS
SM
MD
LG