Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёти мардуми Тоҷикистон аз нигоҳи UNDP


Ҳумоюн

Таҷлили шастсолагии Созмони Милал дар Душанбе аз ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо оғоз шуд. Рӯзи сешанбе, 18 октябр дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоиши аксҳое, ки фаъолияти ниҳодҳои ин созмон дар Тоҷикистонро инъикос мекунад, шурӯъ шуд. Дар маросими ифтитоҳ, раҳбарони ниҳодҳои Созмони Милал ва намояндагони баландпояи сохторҳои давлативу аҳзоби сиёсии кишвар ширкат доштанд.

Аксҳои намоишгоҳ ҳокӣ аз паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ниҳодҳои вижаи Созмони Милал дар Тоҷикистон мебошанд. Дар аксҳо лаҳзаҳои мухталиф аз ҳаёти мардуми оддӣ, бавижа деҳот низ тасвир шудааст. Дар Тоҷикистон бунёдҳои мухталифи Созмони Милал, аз ҷумла, UNICEF, UNIFEM, UNESCO, UNAIDS, UNTOP, UNDP, UNIDO фаъолият мебарад. Тоҷикистон соли 1992 узви Созмони Миллал шудааст.
XS
SM
MD
LG