Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Кулл раҳоии Ҷумъабой Толибовро намехоҳад


Додситонии кулли Тоҷикистон қарори раҳоии Ҷумъа Толибов- рӯзноманигор ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ аз сӯи ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии кишвар дар ҳафтаи гузаштаро таҳти тардид бурда ва ҷиҳати лағви он эътироз овардааст. Муҳаммадалӣ Ватанов -муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, дар пайи шикояти Ҷумъа Толибов ва пайвандони ӯ ҳайати мушовараи Додгоҳи Олӣ ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғдро нисбати ӯ тағйир дода ва ба раҳоии ӯ аз маҳбас қарор карда буд. Аммо додситонии кулл ба ҳайси ниҳоди нозири иҷрои қавонин дар кишвар ин ҳукмро написандида ва татбиқи онро бидуни тафтишоти такрорӣ ба таъвиқ андохт. Дар нишасти матбуотии масъулини Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар рӯзи 17 октябр, ҳамчунин дар мавриди шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси ба бистусесоли зиндон маҳкумшудаи ҲДТ ва вакили дифои ӯ дар бораи муҳокимаи парвандааш дар додгоҳи таҷдиди назар гуфта шуд, ки то кунун шикояти расмӣ ба додгоҳ оварда нашудааст, вале бо муҷарради ворид шудани он ҳукм дубора бознигарӣ мешавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG