Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии хабарнигори тоҷик аз маҳбас


Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи сешанбе пас аз баррасии шикояти хабарнигори зиндонӣ Ҷумъабой Толибов ҳукми зиндонашро лағв ва ӯро аз маҳбас озод намуд. Дар авохири моҳи июл, додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Ҷумъабой Толибов, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ва масъули бахши ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айниро бо иттиҳоми авбошӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва нақзи қонуни дахлнопазирии манзил барои ду сол ба зиндон маҳкум карда буд.Аммо Ҷумъабой Толибов расидагӣ ба парвандаи худро ноодилона ҳисобида гуфта буд, боздошт ва маҳкумияти ӯ заминаҳои сиёсӣ доранд, зеро дар пайи чанд матлаби танқидии нашркардааш дар бораи додситонии ноҳия сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мувофиқи қарори Додгоҳи Олӣ, ҷурми «авбошӣ»-и ҳукми парвандаи Ҷумъабой Толибов ба банди «таҳқир» иваз шуд ва Толибов ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум гардид. Ва аммо бо назардошти ним соле, ки Ҷумъабой Толибов дар маҳбас пушти сар кард, ин як соли ҳукми шартӣ низ иҷрошуда дониста шуд.
XS
SM
MD
LG