Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами нав барои тармими шабакаҳои обрасонии Хуҷанд


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд қарори ниҳоӣ доир ба ихтисоси қарзи 1,1 миллион евро ба Идораи обу корези шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистонро қабул кардааст. Дар иттилоияи расмии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфта мешавад, қарзи мазкур барои қисме аз шабакаҳои обрасонии вилоят ва харидани таҷҳизоти зарурӣ барои Идораи обу корези шаҳри Хуҷанд масраф мешавад. Идораи мазкур акнун барои харидани таҷҳизот, лулаҳои обгузар ва иҷрои дигар корҳо озмун эълон кардааст.
Дар баробари иҷрои тарҳи мазкур Идораи обу корези шаҳри Хуҷанд "Хуҷандводоканал" бояд ба қимматгузории истифодаи обро бознигарӣ намояд.
XS
SM
MD
LG