Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи созишномаи деринтизор


Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи кор ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон дар қаламрави ду кишварро тасдиқ кард ва ин санад барои тасвиб ба Думаи Давлатӣ ирсол хоҳад шуд. Дар хабаре, ки рӯзи ҷумъа ҳукумати Русия интишор кард, тавзеҳ шудааст, ҳадаф аз ин созишнома фаъолсозии ширкати нерӯи кории Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русия мебошад. Дар хабар ҳамчунин омадааст, иҷрои шартҳои созишнома ҷалби нерӯи кории Русия ва Тоҷикистон дар қаламрави ду кишварро осон мекунад.

Дар тавзеҳ ба иқдоми ҳукумати Русия намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар Маскав Исмоил Махсумов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамон созишномаест, ки тирамоҳи соли гузашта дар Тоҷикистон бо ҳузури руасои ду кишвар ба имзо расида буд. Ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон онро ба тасвиб расонида ва аз мақомоти Русия даъват карда буданд, то онҳо ҳам санади мазкурро тасвиб намоянд. Вале ҳукумати Русия онро акнун тасдиқ кард.

Ба гуфтаи намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо ба масири амал ворид гардидани созишнома шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон, ки дар қаламрави ҳар ду кишвар ба таври қонунӣ ба кори мавсимӣ машғул мешаванд, аз хидмати тиббӣ, додгоҳӣ ва ғайра бархурдор хоҳанд буд. Ва аммо ба далели ин ки муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия номутташакил сурат мегирад ва ҳанӯз дар Русия ба атбои хориҷӣ танҳо барои се моҳ иҷозаи кор дода мешавад, то замони аз байн рафтани муқаррароти сабти иқомат ва ташкили биржаи кор, мушкилот барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Бино ба омори расмии ҳукумати Русия, Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ дар зарфи се соли ахир ба ҳайси содиркунандаи нерӯи корӣ ба Русия дар мақоми чорум қарор дорад. Бино ба ҳамин омор, соли 2004 дар Русия андаке беш аз 23 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври қонунӣ кор мекарданд. Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмии вазорати кори Тоҷикистон шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудудан 400 ҳазор ва бино ба омори ғайрирасмӣ наздик ба 1 миллион нафар гуфта шудааст. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва иттиҳодияҳои тоҷикони Русия пайваста аз нақзи ҳуқуқи ин муҳоҷирон гузориш медиҳанд.

ХУШНУДИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИҚДОМИ РУСИЯ

Мақомоти Душанбе тасдиқи созишнома таввасути ҳукумати Русияро бо хушнудӣ истиқбол карданд. Анвар Бобоев раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

"Ин созишнома барои Тоҷикистон як ҳуҷҷати бисёр зарур аст ва мо умедворем Думаи Давлатии Русия низ онро ба зудӣ тасвиб мекунад. Мутобиқи ин созишнома ҳуқуқи муҳоҷирони кории ду ҷониб бояд ҳифз карда шавад, чунки мутобиқи моддаи сеюми ин санад, аз ду тараф, аз ҷониби Тоҷикистон ва Русия мақомоти марбут як гурӯҳи кории доимоамалкунандаро таъсис медиҳанд ва ин гурӯҳ механизми иҷрои ин созишномаро таъмин мекунад."

Оё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд, умед банданд, музди коре, ки онҳо мегиранд, баробар ба маоши шаҳрвандони Русия хоҳад буд?

"Албатта, на танҳо маош. Дар созишнома гуфта шудааст, ки муздиҳ муҳоҷирони Тоҷикистоне, ки ба тариқи расмӣ дар Русия кор мекунанд, ё дар корхона, сохтмон ва ҳар ҷойи дигар баробар бо музди шаҳрвандони Русия хоҳад буд. Ба ғайр аз он ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия таъмин хоҳад шуд ва он мисол мегирем, нобаробариҳое, ки имрӯз ҳастанд, бояд ҳалли худро пайдо кунанд. Ҳамчунин асноди шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба ихтисосашон дар Русия низ пазируфта мешавад, баъд аз аз ҷиҳати тандурустӣ. Корфармоён низ бояд масъалаи тандурустии муҳоҷирони кории тоҷикро ба ӯҳда бигиранд. Масъалаи сабти иқомат ва дигар ҷанбаҳо низ бояд ҳалли худро пайдо кунад."

Аммо масъалаи дигар нафақа аст. Оё солҳое, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор кардаанд, хамчун солхои корӣ дар Тоҷикистон ҳисобида хоҳад шуд ва барои он нафақа низ пешбинӣ мешавад?

"Албатта. Дар созишнома гуфта шудааст, ки дар дафтарчаи меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд ва ҳам шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, солҳои корӣ сабт мешавад ва ба ғайр аз ин як маълумотнома медиҳанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия чанд сол кард, музди маошаш ин қадар буд ва музди маоши вай барои гирифтани нафақа ҳатман дар Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад."

Аммо ба ҳар ҳол, ба фикри шумо бо тасвиби созишнома дар Думаи Давлатии Русия ва мавриди иҷро қарор гирифтани он мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ба зудӣ ҳал хоҳад шуд ва ё вақти тӯлоние барои рафъи ин мушкилот лозим аст?

"Ҳатман. Дар моддаи сеюми созишнома гуфта шудааст, ки баъди тасвиби ин санад гурӯҳи кории дуҷонибаи доимоамалкунанда таъсис дода мешавад ва ин гурӯҳ ҳар сари чанд вақт дар Душанбе ва Маскав вомехӯранд ва он проблемаҳои мавҷударо баррасӣ ва ҳал мекунанд. Лекин бояд гуфт, ки барои Русия низ қувваи корӣ лозим аст. Дар Русия бисёриҳо доир ба бӯҳрони демографӣ сухан мегӯянд ва доир ба норасоии қувваи корӣ. Бинобар ин аз ҳоло чанд губернаторҳои Русия ва раисони шаҳрҳои он ба мо номаи расмӣ ирсол кардаанд, ки ба мо қувваи корӣ равон кунед, ки дар хоҷагии халқи Русия кор кунанд."
XS
SM
MD
LG