Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҲНИТ аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Бохтар


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як баёния ба 4 соли зиндон маҳкум шудани як узви фаъоли худро дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ноодилона ва фармойишӣ эълом кард.
Шӯрои сиёсии ин ҳизб рӯзи 8-уми октябр гуфт, Сайфиддин Файзов, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Бохтар бидуни исботи гуноҳ ва афзун бар ин дар заминаи ширкати фаъолонааш дар маъракаи интихоботи маҷолис дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба ҳабс маҳкум шудааст. Додгоҳи ноҳияи Бохтар Файзовро ба иттиҳоми таҳқир, тӯҳмат ва авбошӣ нисбат ба масъулини комисиюни митақавии интихобот муттаҳам кардаанд
Муҳиддин Кабирӣ - иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ ва узви порлумони кишвар гуфт ифтитоҳи парванда ва ҳукми додгоҳ алайҳи узви ин ҳизб акси садои интихоботи парлумонии гузашта мебошад. Вай афзуд, мақомот дар маҳалҳо тарафдорони ҳизбҳои мухолифро, ки бар зидди қонуншиканиҳои ошкоро дар интиэобот вориди баҳс шудаанд зери фишор қарор дода бо ин васила мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки қудрат дар дасти кист. Аммо масъулини додгоҳ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон гуфтанд, ки Файзов на барои узвият дар ҲНИТ, балки барои қонуншиканӣ ва содир кардани ҷиноёти мушаххас ҳукм гирифтааст.
Пештар 2 узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷазои додгоҳӣ гирифтанд, вале раҳбарияти ҳизб гуфт, сабаб дар ихтилофи ин афрод бо кумисюнҳои интихоботӣ будааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG