Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Сотсиал-Демократ ба интихоботи президентӣ омода мешавад


Конфронси вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Хоруғ баргузор гардид, бо қабули раиси нав ва барномаи фаъолияти ин ҳизб дар ҷараёни интихоботи президентӣ ба поён расид.
Раиси собиқи бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократ Ғарибшо Ғарибшоев бо даъвати раиси ҳукумати ин вилоят вазифаи мутахассиси шӯъбаи иҷтимоӣ-иттилоъотии ҳукуматро пазируфта, аз раҳбарии бахш даст кашид.
Раиси тозаинтихоби бахши Ҳизби Сотсиал-Демократ дар Бадахшон, Ҳалим Шерзамонов гуфт, ки ҳукумати маҳаллӣ барои ром кардани ҳизбҳои мухолиф аъзои фаъоли ин ҳизбҳоро дар паҳлӯяш ҷой медиҳад, то ҳар қадами онҳоро наззора ва идора карда тавонад.

Вай мегӯяд: "Ин на ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ, балки заъиф кардани ҳизбҳои сиёсист, ки афроди аввали ҳизбҳоро ба кори пасти ҳукумати маҳаллӣ даъват мекунанд ва бо ин мехоҳанд, ҳизбҳои мухолифро бесаробон монанд."

Ба қавли Ҳалим Шерзамонов, пас аз интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврал ҳукумати маҳаллӣ ба ноҳияҳое, ки аз Ҳизби Сотсиал-Демократ пуштибонӣ карданд, сармоягузориро коҳиш дода, сохтмон ва таъмири муассисаҳои фарҳанг, маориф ва беҳдоштиро боздошт. Аммо ҳукумати маҳаллӣ ин иддаоро рад мекунад.

Раиси бахши вилоятии ҳизби ҳоким Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Бадахшон, Маҳмадшо Тӯтишоев гуфт, ки ба ҷуз аз ҳизби онҳо дигар аҳзоби сиёсӣ мебошанд ва аз мавҷудияти худ танҳо дар рӯзҳои интихобот дарак медиҳанд:

"Ба фикрам, дар Тоҷикистон имрӯз фақат Ҳизби Халқии Демократӣ бо фаъолияти мушаххаси худ дар пешравии ҷомеа саҳм мегузоранд. Ҳизбҳои дигар умуман фаъолият намекунанд, пас чӣ гуна ҳукумат ба онҳо фишор меорад ва ё таъқиб мекунад, ин кори онҳо асоси мантиқӣ надорад."

Собиқ раиси бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократӣ ва дар айни ҳол мутахассиси шӯъбаи иҷтимоӣ-иттилоъотии ҳукумати вилоят, Ғарибшо Ғарибшоев як рӯз қабл аз конфронси ҳизб барои таҷрибаомӯзӣ озими Лаҳистон шуд. Ба гуфтаи Ҳалим Шерзамонов, ин дуввуми раҳбари бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократист, ки пас аз ишғоли вазифа дар сохтори давлатӣ аз раҳбарии бахши вилоятӣ даст мекашад. Раҳбари дигар ин ҳизб Балхиёр Замиров, баъди ба мақоми раиси кумитаи иқтисоди ҳукумати вилоят таъйин шудан, тарк карда буд.
XS
SM
MD
LG