Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Ҳизби демократи Тоҷикистон аз Кондолиза Райс


Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон - маҳкум ба зиндон кардани раҳбари ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонд ва аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кард, ба ин қазия дахолат намояд.
Рӯзи гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон раиси Ҳизби демократ ва раиси собиқи ширкати "Тоҷикгаз" Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бо гуноҳи терроризм ва сӯистифода аз мансаб ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Раҳматулло Валиев ҳангоми нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз Кондолиза Райс - вазири хориҷаи Амрико хост, то ҳафтаи оянда қазияи Искандаровро ҳангоми мулоқоташ бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон матраҳ кунад:
"Имрӯз расман аз нишасти матбуотӣ истифода карда, аз Кондолиза Райс хоҳиш мекунам, ки ҳангоми мулоқот бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов, бо намояндагони порлумон ва бо онҳое, ки барои ҳалли объективонаи қазияи Искандаров коре карда метавонад, ин масъаларо баррасӣ намояд ва ҳамчун як намояндаи давлати демократӣ нисбат ба ин масъала бетафовут набошад."
Раҳматулло Валиев ҳамчунин гуфт, Ҳизби демократ қаблан аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо чунин дархост кард. Қарор аст, вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон бо мақомоти олирутба ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мулоқот намояд.
XS
SM
MD
LG