Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви Ҳизби Наҳзат бар узвияти Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешавад


Як шоҳиди ҳол - Ориф Байзоев, мудири мадрасаи исломии Хуҷанд мегӯяд, дар авоили моҳи сентябр дар назди масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин аз ҷониби шахсони шахсияташон ошкорнашуда тахминан 500 адад адабиёти Ҳизб - ут -Таҳрир зери пои мардум рехта шудааст.

Аммо дар ҳоле, ки ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд боздошти афрод бо иттиҳоми мансубият ба Ҳизб- ут - Таҳрир аз сӯи кормандони ин мақомот бо риояи қонун ҷараён мегирад, бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 5 - уми октябр бо баргузории як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки кормандони умури дохилаи шаҳри Қайроқум бо роҳи боздошт ва лату кӯб хостаанд, бар гардани Илҳом Исмоилов - як узви ин ҳизб, соҳибкори ҷавон аз шаҳри Хуҷанд гуноҳи мансубият ба Ҳизб - ут -Таҳрирро таҳмил намоянд. Салоҳиддин Ҳусайнзода - муовини раиси бахши вилояти ҳизби наҳзат дар ин маврид гуфт:

«Як корманди милисаи Қайроқум гуфтааст, ки агар мо хоҳем, аз хонаи шумо (Илҳом Исмоилов) варақаҳои ҳизб - ут - таҳрирро ҳам пайдо мекунем. Пас, маълум мешавад, ки баъзе кормандони ҳифзи ҳуқуқ метавонистаанд, ки варақаҳои ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъро созанд ва ё дар касе хоҳанд - пайдо кунанд ва он фардро ба ҷавобгарӣ ҳам кашанд. Ин одамро (Илҳом Исмоилов) лату кӯб карда, ба гарданашон ҷинояти ҳизб - ут - таҳрирро бор карда, мехоҳанд аз вай ришва ситонанд.»

Илҳом Исмоилов, узви ҳизби наҳзат дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз ин амали ғайриқонунии мақомоти умури дохилаи Қайроқум ба идораи умури дохила ва додситонии Суғд шикоят бурдааст. Вай дар ҷавоб ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди назараш ба Ҳизб - ут - Таҳрир афзуд, ки равияи Ҳизб - ут -Таҳрир на фақат зиддидавлат, балки зидди ислом аст.
XS
SM
MD
LG