Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Устод ва шогирд"


Сайофи Мизроб Тӯли ду рӯзи ахири ҳафтаи гузашта ( 1 ва 2 октябр) дар шаҳри Кӯлоб озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои миллӣ, консерти утодони санъати кишвар ва истеъдодҳои ҷавон зери унвони «Устод ва шогирд» баргузор шуд.

Аслиддин Низомов, садри иттифоқи бастакорони Тоҷикистон мегӯяд, ғараз аз баргузории намоиши мазбур эҳёи касбҳои суннатии миллӣ ва рушди ҳунари сарояндагии хонаводагӣ буд. Ба иттилоъи Абдуҷаббор Зардиев, раиси шаҳри Кӯлоб шурӯъ аз рӯзи якшанбеи 2 октябр барои рушди касбҳои мардумӣ, эҳёи мактабҳои хонаводагӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр намоишгоҳи вижа ифтитоҳ ёфтааст:

«Дар ин кох беш аз 500 ҳунарманд маҳсулоти худро метавонанд ба маърази тамошо гузоранд ва имкони фурӯши онҳоро доранд»

Даниэл Суз - раҳбари дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ гуфт, кишвараш дар оянда ҳам ният дорад, ки дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон саҳмгир бошад:

«Кишвари мо ба кишвари шумо хеле монанд аст. Мо ҳамингуна як кишвари кӯҳманзарем, вале аз Тоҷикистон кӯчактар. Барои ҳамин ҳам мо ба Тоҷикистон кӯмакҳо барои рушди фарҳанги миллӣ мекунем. Намоишномае, ки шумо мебинед, ҷамъбасти лоиҳаи яксолаи мо дар самти эҳёи мактаби шогирду устод буд. Зеро бе ривоҷи тадриси ҳунарҳои нодир ин касбҳо аз байн мераванд.»

Дар намоиш устоҳои касбҳои нодиртарини миллӣ, ки дар марзи маҳв қарор доранд, ҳамчун шонатарошон, читгарон, заргарон, нуқракӯбон, ғижжаксозон аз ҳама минтақаҳои кишвар маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Намояндагони мактабҳо ва сабкҳои вижае дар мусиқаи миллӣ, ҳамчун гурӯҳи Абдуллоҳ Назриев, гуруғлихонони сабки Азизбек Зиёев, фалаксароёни бадахшӣ, бо сарпарастии Мамадато Таваллоев, намояндаи охирон аз мактаби мақомхонони исфарангӣ Абудраҳим Шермадов, мактаби фалаксаройии хонум Гулчеҳра Содиқова ва шашмақомхонони мактаби устод Умриҷон Баҳриев тӯли ду рӯз шаммае аз эҷоди фарогири хешро пешкаши аҳли завқ намуданд.
XS
SM
MD
LG