Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои Осиёӣ - 2006 дар Қатар


Намояндагони кумитаи тадорукоти понздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ, ки соли 2006 дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор мешавад, бо роҳбарони кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии ин кишвар дар шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Фарид Солеҳов, сухангӯи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт :

«Вигар Эйлетсен ва Солеҳ ал-Ҳайдус, намояндагони кумитаи тадорукоти бозиҳои Осиёӣ дар Қатар ҳозиринро бо маросими оташафрӯзии бозиҳо ошно намуда, иброз доштанд, ки ин маросим дар ҳар як кишвар ба шакли хоса ва бо назардошти анъанаҳои миллӣ баргузор мешавад. Кумитаи тадорукоти бозиҳо ба кишварҳои ширкаткунандаи ин маросим салоҳияти баргузории оташафрӯзиро дода, онҳоро бо сару либос ва таҷҳизоти махсус таъмин месозад. Дар ин маросим ҳузури варзишгарони номӣ , наврасону ҷавонон, намояндагони мақомоти давлатӣ, федератсияҳои варзишӣ, сарпарастон ва собиқадорони варзиш дар назар аст. »

Ҷаноби Солеҳов афзуд, варзишгарони тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар се давраи бозиҳои осиёӣ ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG