Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасон ва HIV/AIDS


Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи сешанбе зимни як мулоқоти телевизиониаш бо сокинони ин кишвар гуфт, Русияро дар оянда бояд ҷавонони босавод ва коромад идора кунанд, то рушди босуботи ин давлатро таъмин намоянд. Барои дарёфти посухҳои раиси ҷумҳури худ, беш аз 1 миллион нафар ба унвонии Путин муроҷиат намуданд ва дар ин ҷараён ҷавонон фаъолияти бештар нишон доданд. Яке аз масоили мавриди нигаронии онҳо марбут ба фаъолияти афзояндаи нируҳои миллатгарои фашистӣ буд. Путин гуфт, фаъолияти нируҳои қудратии кишварро алайҳи ҷумбишҳои сартарошидаҳову неофашистҳо таҳким хоҳад бахшид, то ки ин гуна зуҳурот, ба қавли Путин - аз харитаи сиёсии ин кишвар комилан нобуд шаванд. Ҳамкорам Расули Шодон дар Маскав муҳимтарин бахшҳои сӯҳбатҳои раиси ҷумҳури Русияро хулоса кард.
----------------------------------------
Бархе созмонҳои ҷамъиятӣ аз имрӯз маъракайи зидди густариши ЭЙЧ АЙ ВИ-ро шурӯъ кардаанд. Ақидаи аслии созмони бо исми Хонаи ҷавонон дар Душанбе ин аст, ки муассиртарин роҳи боло бурдани сатҳи огаҳии наврасон оид ба СПИД ин нашри иттилоъ тавассути ҳамсолонашон, яъне ҷавонони 15-20 сола мебошад. Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегуянд, дар айни замон дар ҷумҳурӣ ба таври расмӣ 385 нафари олуда ба ЭЙЧ АЙ ВИ сабти ном шудааст ва беш аз 60 дар сади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамкорам Шаҳлои Гулхоҷа гузориш дод.
---------------------------------------------
Имӯузҳо дар Душанбе як гурӯҳи донишҷӯёне ба сар мебарад, ки аз Олмон омада мехоҳанд забони тоҷикиро аз наздик ва дар сатҳи мардумӣ аз худ намоянд. Ҳамкорам Зарангези Наврузшоҳ бо ин ҳайати донишҷӯёну омузгорон дар сохтмони донишгоҳи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраев мулоқот намуд.
--------------------------------------------
Нисфи аҳолии Афғонистонро ҷавонони зери синни 30 ташкил медиҳанд ва қариб аксарияти онҳо дар шароити ҷанг ба воя расидаанд. Бархе солҳо дар Эрону Покистон зиндагӣ кардаанд. Имруз онҳо ба ояндаи худ бо эҳсосоти омехтаи нигарониву умед менигаранд. Хабарнигори радиои Озодӣ Гулнози Исфандиёрӣ зимни як сафараш ба Афғонистон бо донишҷуёни донишгоҳи Кобул мулоқот кард ва пурсид, ки оё дар пасманзари интихоботи парламентие, ки 18-уми сентябр дойир гардид, онҳо аз ояндаи кишвари худ чӣ интизор доранд? Маълум шуд ҷавонони афғон хости зиёд надоранд, онҳо хоҳони амнияти саросарии кишваранду мехоҳанд ба низоми беҳтари таҳсил дастрасӣ дошта бошанд. Аммо феълан Афғонистон баъди ҷанги беш аз 20-сола бо сахтӣ рӯ ба беҳбуд меорад.
-----------------------------------------
Ва тасвири зебои маназраҳои кишварҳои ҷаҳонро дорем, ки бо заҳматҳои як аккоси фаронсавӣ рӯйи навор омадаанд. Дар Душанбе ин рӯзҳо намоишгоҳи аксҳое ҷараён дорад, ки муаллифи он кулли манзараҳоро аз тайёра ва аз баландии чандинкилометра аз сатҳи замин гирифтааст. Ҳамкорам Фируз Баротов яке аз тамошобинони ин намоишгоҳ буд
XS
SM
MD
LG