Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар Тоҷикистон


Леандро Деспоӣ - гузоришгари хоси Кумисcиёни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар умури мустақилияти додрасҳо ва вакилони дифоъ бо мақомоти Тоҷикистон, пешравиҳои ин кишварро дар робита ба ислоҳоти низоми додгоҳӣ, аз ҷумла мустақилияти додрасҳоро баррасӣ мекунад. Ӯ, ки бо як сафари панҷрӯза вориди Тоҷикистон шудааст, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вазири умури хориҷа ва адлияи Тоҷикистон ин масоилро баррасӣ кардааст. Вай доир ба низоми додгоҳии Тоҷикистон гуфт: "Низоми додгоҳии Тоҷикистон ду марҳилаи гузаришро паси сар кардааст, яке аз низоми додгоҳии шӯравиро, ки мустақил набуд ва дигар ин ки аз давраи ҷанг ба марҳилаи баъдиҷангиро. Ҳадафи сафари ман ташхиси пешравиҳо дар низоми додгоҳӣ аст ва ҳамчунин мушкилиҳое, ки монеъи мустақил шудани низоми додгоҳӣ мегарданд. Ва дигар ин ки оё инҷо хостаҳои ҳукумат низ ҷой доранд, ки монеъи таҳкими низоми додгоҳӣ мешаванд. Дар Тоҷикистон нерӯи додситонӣ бисёр қавӣ аст ва ин додситонӣ нисбат ба додгоҳҳо ва вакилони мудофеъ дар муҳокима нақши бисёртар дорад."
Ҳангоми боздид аз Тоҷикистон гузоришгари вижаи Созмони Милал бо намояндагони Иттиҳоди вакилони мудофеъи Тоҷикистон, олимон ва созмонҳои ғайридавлатӣ гуфтугу мекунад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъдан ба манотиқи кишвар сафар мекунад, то вазъи низоми додгоҳиро аз наздик таҳқиқ намояд.
Леандро Деспоу натоиҷи таҳқиқоти худро дар Тоҷикистон дар нишастҳои баҳории Кумиссиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш хоҳад дод.
Моҳи июл баъд аз баррассии гузориши солонаи Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар, Кумиссиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал изҳори нигаронӣ карда буд, ки додрасҳои Тоҷикистон мустақил нестанд ва побанди мақомоти давлатӣ мебошанд. Ин созмон ҳамчунин аз Тоҷикистон хост, то мустақилият ва бетарафии додрасҳоро тазмин диҳад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG