Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши нархи бензин ба афзоиши нархи озуқа сабаб шудааст


Вазорати иқтисодиёт ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтааст, бо сабаби якбора боло рафтани нархи бензин дар кишвар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин ҷо ба андозаи 10 дарсад афзоиш ёфтааст.
Аз субҳи рӯзи панҷшанбе, 22-юми сентябр дар шаҳри Душанбе нархи бензини АИ-96 аз 1 сомонию 80 дирам ба 2 сомонию 30 дирам боло рафт ва дар давоми рӯзҳои охир ба 3 сомонӣ ва ё 1 доллари Иёлоти Муттаҳида баробар шуд. Афзоиши нарх дар пойтахти кишвар ба чунин афзоиш дар вилоятҳои Тоҷикистон сабаб гардид. Сарони ширкати давлатии саҳҳомии "Нафтрасон", ки бахши асосии фаровардаҳои нафтиро ба кившар ворид мекунад, мегӯянд, ин афзоиш ба болоравии нарх дар Русия, Ӯзбакистон ва Қазоқистон марбут аст. Бар замми ин бо шурӯъи мавсими ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ дар ин кишварҳо фурӯши фаровардаҳои нафтии онҳо ба Тоҷикистон кам шуд, ки низ ба болоравии нарх замина гузошт.
Дар ҳоле ки нархи бензини 96 рӯ ба афзоиш аст, бензини навъи арзонтари 76 умуман аз нуқтаҳои фурӯш гум шудааст. Корхонаҳои коркарди нафти Русия гуфтаанд, эҳтимолан афзоиши нархи бензини Русия то охири сол идома кунад.
XS
SM
MD
LG