Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

World Bank: Тоҷикистон гумон аст, ба ҳадафҳои ҳазора бирасад


Банки Ҷаҳонӣ (World Bank) дар гузориши нави худ, ки пас аз нишасти солонаи Шӯрои мудиронаш нашр кард, гуфт, интизори инро надорад, ки Тоҷикистон битавонад, ҳатто яке аз ҳадафҳои Барномаи рушди ҳазораро ба иҷро расонад. Ин барнома, ки аз тарафи сарони кишварҳои ҷаҳон дар соли 2000-ум ба тасвиб расидааст, аз ҳашт бахш иборат аст, ба монанди коҳиши фақру гуруснагӣ, дастрасии умумӣ ба таҳсил, баробарии зану мард, коҳиши маргумири модару кӯдак, мубориза бо HIV/AIDS, ҳифзи устувори муҳити зист ва ҳамкории ҷаҳонӣ ба хотири рушд.
WB мегӯяд, дар ҳоле ки Лаҳистон, Маҷористон, Хорватия ба иҷрои ҳамаи нукоти барнома то соли 2015 наздиканд, Русия ва кишварҳои Соҳили Балтик мумкин аст, танҳо дар бархе аз онҳо комёб шаванд ва аммо Тоҷикистон дар ҳоле қарор дорад, ки гумон аст, ҳатто адр иҷрои яке аз ҳашт бахши барнома пешрафт нишон диҳад. Аз миёни кишварҳои гирифтори фақр, WB аз Вйетнам ситоиш кардааст, ки тавонистааст, аз соли 1990 то 2002 сатҳи бенавоиро 14 дарсад коҳиш диҳад.
Раиси WB Пол Волфовитс аз кишварҳои сарватманд даъват кард, имдоди худро ба банавоён афзоиш диҳанд ва аз ҳукумати кившарҳои қашшоқ хост, корбурди ин маблағҳоро барои расидан ба ҳадафҳои Милленниум ва ё Ҳазора дақиқ ва босамар ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG