Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ояндасоз" дар Бадахшон


Фестивали мазкур аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон шурӯъ шуд ва то шаҳри Хоруғ ширкатдоронро дар ҳамаи деҳоти Бадахшон бо нону намак, суруду мусиқӣ ва рақсҳои зебои маҳаллӣ пешвоз гирифтанд. Кабирҷон Ҷӯраев, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ мегӯяд, фестивали ҷавонон бахшида ба 14 солагии истиқлоли Тоҷикистон ва 80-умин солгарди вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо ҳадафи таҳкими дӯстӣ ва табодули назари ҷавонон оид ба масоили мухталифи ҳаёти онҳо созмон дода шудааст.

Муҳоҷирати бенизоми корӣ, траффики инсон, мушкилоти соҳаи маориф ва дигар масоили иҷтимоии ҷавонон, дастовардҳои онҳо дар 14 соли истиқлол аз он мавзӯъҳое буданд, ки дар рӯзи дуввуми фестивал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ширкатдорон дар гурӯҳҳои хурд роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳаёташонро ба кумитаи кор бо ҷавонон пешниҳод намуданд. Гурӯҳи дигари ҷавонони бадахшӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи иттилоотии ҷавонон дар мавзӯъи ВИЧ СПИД барномаҳои фарҳангиву маълумотӣ доир намуданд. Кишвар Элчибеков, корманди ихтиёрии фестивал мегӯяд, дар Бадахшон 60 бемор ба қайд гирифта шудааст, 80 дар садашон ҷавононанд.

Дар доираи барномаи фестивал ширкатдорон аз боғи ботаникии Бадахшон, ки дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта аз 2400 намуди гиёҳу дарахтон иборат аст, дидан намуданд. Ҳар як иштирокчии фестивал иқрор мешуд, ки маҳз ба хотири дидани Гармчашма ба Бадахшон омадааст. Гармчашма дар ноҳияи Ишкошим дар 40 километрии шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Дар роҳ ба сӯйи Гармчашма ҷавонон аз шодӣ бо истифодаи як тағораи оҳанине бо шавқи зиёд суруд мехонданд. Дилдора аз шаҳри Қайроқум:

«Вақте ки ман дар вилояти Суғд мешунидам, ки одамон барои табобат ба Гармчашма меоянд, тасаввур намекардам, ки он ин қадар мавзеи зебо аст. Гармчашма ба як пиряхи сап сафед монад аст, ки аз дохили он оби гарм меояд.»

Аммо дар ташкили фестивали ҷавонони Тоҷикистон мушкилоте ба назар мерасид, ки ба хурсандии ширкатдорон халал ворид мекард.Шаҳри Хоруғ дар 700 километрии Душанбе воқеъ аст ва роҳи он аз миёни кӯҳҳои сангин мегузарад. Иштирокчиён бошанд, тӯли якуним рӯз бо мошинҳои боркаши камаз дар ҳолати ногувор то Хоруғ омада расиданд. Дар фестивал асосан кормандони идораи кор бо ҷавонони шаҳру навоҳии ҷумҳури даъватӣ буданд ва ба андешаи Дилдора бояд дар чунин маъракаҳои фарҳангиву сиёсӣ донишҷӯён ва ҷавонони бекору соҳибкорони муваффақро ҷалб намуд, то ин ки тавонанд, барои беҳбудии зиндагии якдигар таъсир расонанд.

Дар доираи фестивал бо иштироки ҳунармандони вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе консертҳои ҳунарии ва базмҳои ҷавонӣ баргузор гардиданд. Барномаи Ояндасози Радиои Озодӣ дар доираи ин чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни фествиал футболка ё куртаи варзишии рамзии «Ояндасоз» тақдим кард, ки дар рафти фестивал онро ҷавонон пӯшида буданд. Муаррифии барномаи «Ояндасоз» дар донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ доир гардид. Дар он дар баробари ширкатдорони фестивал намояндагони ҳукумати вилояти Бадахшон, расонаҳои ахбори омма ва донишҷӯён иштирок доштанд. Ба онҳо дар бораи фаъолияти барномаи «Ояндасоз» маълумот дода онҳоро даъват намудем, ки бо барномаи ҷавонон ҳамкорӣ намоянд.

Маросими пӯшидашавии фестивали ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа гузаронида шуд. Баргузории фестивали навбатӣ дар шаҳри Турсунзодаи ноҳияи тобеъи марказ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG