Ҳадафи Рӯзи байналмилалии сулҳ албатта, танҳо аз барпо кардани маросими мутантан дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нест. Дуруст аст?
Албатта, албатта, дуруст аст. Рӯзи байналмилалии сулҳ таърихи тӯлонӣ дорад ва ибтидо дар Маҷмаъи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1981 таъсис ёфтааст. Ахиран, дар ин маврид қатъномаи нав аз ҷониби тамоми кишварҳои ҷаҳон тасвиб шуд. Тибқи он рӯзи 21 уми сентябр рӯзи байналмилалии сулҳ аст ва дар тамоми ҷаҳон ин бояд як рӯзи сулҳ, як рӯзи оташбас ва рӯзи холӣ аз хушунат бошад.
Вале оё маъмулан кишварҳои ҷаҳон дар воқеъ ба ин қоидаи Рӯзи байналмилалии сулҳ риоят мекунанд?
Дар воқеъ, ин яке аз душвориҳои асосӣ аст. Зеро дар рӯи қоғаз навиштани қоидаҳо осон аст, вале воқеъияти сиёсӣ иҷрои онҳоро душвор сохтааст. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон низоъҳо идома доранд; ва ин рӯз як имконест, ки масоили мавриди низоъ баррасӣ шаванд. Ин як натиҷаи мусбат ва муваффақ аст. Дар чанд кишвар байни гурӯҳҳои мусаллаҳ ва нируҳои ҳукуматӣ даргириҳо идома доштанд ва ҳоло онҳо ба оташбас розӣ шудаанд. Қатъномаи Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид мисли як пули ба ҳам оварандаи ду тараф, ин оташбасро имконпазир сохт.
Оё ин паёми сулҳ ва оташбас то Ироқ низ мерасад? Яъне манзури ман ин аст, ки ин кишвар ҳоло макони хушунатҳои мусаллаҳона мебошад.
Шояд аз бисёр ҷиҳатҳо, ин паём то он ҷо низ мерасад, вале бояд гуфт, ки дар мавриди даргириҳои мусаллаҳонаи Ироқ масъала хеле душвортар аст. Вале дар дохили Иёлоти Муттаҳида бисёр шаҳрвандон аз даъватҳои Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷонибдорӣ мекунанд. Яъне комёбии рӯзи сулҳ дар ин самт боло бурдани огоҳии мардум аз аҳамияти сулҳ аст, ки ин нукта ҳам барои мо муҳим мебошад. Созмони Милал даъват мекунад, ки Рӯзи байналмилалии сулҳро ҳар кас дар ҳар кишвар ба ҳар шакле, ки барои худаш муносиб аст, таҷлил намояд. Мо ҳамчунин ба ҷавонон муроҷиат мекунем. Дар баъзе минтақаҳои ҷангу низоъ барои кӯдакони сарбоз, ки аз силоҳ даст кашидаанд, паёми сулҳ онҳоро ба тарки хушунат, ҳамоиши солим бо ҷомеа ва сарф кардани нируи худ ба роҳҳои беҳтари зиндагӣ даъват мекунад.
Куллан, нақши Созмони Милали Муттаҳидро дар эҷоди сулҳ дар кишварҳои ҷаҳон чӣ гуна баҳодиҳӣ мекунед?
Ба назари ман, аз бисёр ҷиҳатҳо созмони милал нақши мӯътабар дорад. Ин ниҳод метавонад ба ҳайси як садои бетараф ба мурувват, ахлоқ ва инсоният даъват намояд. Зеро Созмони Милал манфиати ҳеҷ як ҷониби алоҳидаро ҳадаф қарор намедиҳад. Ҳадафи ин созмон эҷоди ҷаҳони беҳтар барои ҳамаи одамон мебошад, ҷаҳоне, ки дар он адолат ва баробарӣ бошад. Чунин мавқеъ ба ҳамаи ҷонибҳо заминаи кӯшиш барои рафъи ихтилофи назарҳоро фароҳам месозад.
Тоҷикон ҳамеша нақши Созмони Милали Муттаҳидро дар эҷоди сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвар ба ёд доранд. Оё Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаеро, ки дар сулҳи Тоҷикистон андӯхтааст, дар ҳалли низоъи кишварҳои дигар истифода мебарад?
Кишварҳои дигари ҷаҳон, албатта, наметавон гуфт, пурра таҷрибаи сулҳи тоҷиконро такрор кардаанд, вале аз ин таҷриба ибрат гирифтаанд. Яке аз минтақаҳои низоъ ҳоло масалан кишвари Ҳаитӣ мебошад. Дар ин кишвар мехоҳанд, рӯзи байналмилалии сулҳро ба ташвиқи бештари афкори сулҳ ва оштии миллӣ истифода баранд, то ки фарҳанги сулҳ ва адами хушунат дар қалби мардуми Ҳаитӣ ҷой бигирад. Барои ташвиқи сулҳ аз ташаббусҳои дигар, масалан аз имконоти васоили ахбор низ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.