Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"РусАл" корхонаи арзизро барои 25 сол иҷора мегирад?


Дар ҳоле, ки баҳсҳо перомуни харидории корхонаи арзизи Тоҷикистон аз сӯи ширкати РусАли Русия идома дорад, мақомоти Тоҷикистон аз таҳияи пешнависи як созишнома иттилоъ медиҳанд, ки тибқи он ширкати русии РусАл мехоҳад, барои 25 сол ин корхонаро ба иҷора бигирад. Исроил Носиров - муовини раиси кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, пешнависи ин созишнома аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки сухангӯи намояндагии ширкати РусАл дар Душанбе аз таҳия ва ироаи як чунин пешнависи созишнома барои ба иҷора гирифтани корхонаи арзиз изҳори беиттиллоӣ мекунад. Александр Касаткин, сухангӯи намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон гуфт, маълумоти кофӣ ва дақиқро дар ин замина аз Маскав аз масъулини РусАл метавон дарёфт кард. Исроил Носиров - муовини раиси кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ҳукумати кишвар ин санадро тасдиқ накардааст вале бо муҷарради таъйиди он ширкати РусАл бо пардохти ҳаққи иҷора фаъолияти ин корхона аз тавлид то фурӯши маҳсулот, таъмини маводи хом барои тавлидот, таъйини раиси корхона ва ба ҳамин тартиб, музд ва маоши коргаронро тайи ин муддат зери назорати худ мегирад. Ҷаноби Носиров афзуд, ки саҳмияҳои корхонаи арзиз сад дар сад мутааалиқ ба давлати Тоҷикистон аст ва интизор меравад, бо татбиқи як барномаи ҳукуматӣ корҳои навсозӣ ва тармим дар корхонаи алюминий то соли 2007 ба анҷом бирасад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG