Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Фалсафаи варзиши Абӯалӣ Сино» нашр шуд


Нашриёти «Авасто» китоби профессор Абдураҳмон Маҳмадов, раиси донишкадаи варзиши Тоҷикистонро бо номи «Фалсафаи варзишии Абӯалӣ Сино» аз чоп баровард.

Рисолаи мазкур нахустин иқдом дар таҳқиқи ин мавзӯъ мебошад. Муаллифи рисола мақому мартабаи назариявию илмии машқҳои ҷисмонӣ ва тибби варзиши Абӯалӣ Синоро баррасӣ намуда, собит месозад, ки ин файласуф ва донишманди бузурги машриқзамин нахустин поягузори илми варзиш ва тибби варзиш аст.

Ин рисола барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва доираи васеи дилбохтагони соҳаи фалсафаи варзишу тибби варзиш тавсия мешавад.
XS
SM
MD
LG