Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подоши кор дар фазои заҳролуд


Солона бар асари тасодуф ва бемориҳои марбут ба шуғлҳои муайян дар ҷаҳон 2 миллиону 200 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасад. Вале мумкин аст, ин адад пурра набошад, зеро дар бисёр кишварҳои чунин ҳодисаҳоро пинҳон медоранд.

Созмони ҷаҳонии кор (International Labor Organization - ILO) дар охирин анҷумани худ дар Орландои Иёлоти Муттаҳида бо нашри як гузориши муфассал масъалаҳои ҳифзи меҳнатро дар кишварҳои ҷаҳон баррасӣ намуд. Дар он гуфта мешавад, бо вуҷуди коҳиши бемориҳои марбут ба шуғл дар кишварҳои пешрафтаи саноатӣ, маргумири инсонҳо ҳангоми кор дар мамолики осиёӣ дар шароити рақобати сахт рӯ ба афзоиш дорад. Мудири кулли ILO Ҳуан Сомавиё мегӯяд, дар як рӯз дар сартосари ҷаҳон наздик ба 5 ҳазор зану мард бар асари садама ё бемориҳои марбут ба кабсукор аз ҷони худ маҳрум мешаванд. Ин ҳолат махусан замоне рӯй медиҳад, ки одамон ба касбукори барои саломатӣ хатарнок, бе риояи қоидаҳои амниятӣ, бе огоҳӣ аз тарафи кордиҳанда ва бе ҳимояи қонунии ҳуқуқи коргарон машғул мешаванд ва ё маҷбуранд, машғул шаванд. Маргумири коргарон бештар дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба қайд гирифта шудааст. Чунончи, Ҳиндустон аз 222 ҳодисаи марги коргарон хабар додааст, аммо Ҷумҳурии Чех, ки аҳолияш ба як дарсади аҳолии Ҳиндустон баробар аст аз 231 ҳодисаи марг дар истеҳсолот иттилоъ дод. Вале коршиносон мегӯянд, шумораи ҳақиқии қурбониён дар Ҳиндустон беш аз 40 ҳазор нафар аст.
Дар гузориши Созмони ҷаҳонии кор ишора шудааст, ки кордиҳандагон дар истеҳсолоти заҳрогин ва корҳои барои саломатӣ хатарнок аз нируи муҳоҷирон истифода мекунанд ва аксаран коргаронро аз таҳдидҳои мавҷуда огоҳ намесозанд.
Чунончи, дар 6 моҳи соли равон дар Русия 155 муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расидааст, ки беш аз 90 нафари онҳо ҷавонони аз 13 то 35 сола мебошад.
Аз инҳо 21 нафар кушта, 47 нафар дар тасодуфҳо ҳалок шудаанд ва сабаби марги 2 номаълум аст
Корманди раёсати нақлиёт дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Шӯҳрат Наимов, гуфт сабаби марги 83 нафари муҳоҷирон бемориҳои сироятӣ ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар сохтмонҳо будааст.
Аммо дар ин ҷо шумораи онҳое ки бо чандин навъи бемориҳои сахт ва ё ангезаи чунин маразҳо ба ватан бармегарданд, номаълум аст.
Соли гузашта кордиҳандае дар вилояти Маскав чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро ба кофтани чоҳи чуқур маҷбур кард. Бо сабаби таъмин набудани амнияти кори онҳо, чоҳ ламбид ва ҳар чаҳор муҳоҷир ба ҳалокат расиданд.
Дар вилояти Калуга як кордиҳанда муҳоҷиреро дар наздикии партовгоҳи ҳаставии Обнинск ба кор гирифт. Ҳоло ин ҷавони 32-сола гирифтори сафедхунӣ дар бемористон дар дами марг аст.

Аксаран худи муҳоҷирони тоҷик низ аҳамият намедиҳанд, ки ба онҳо чи коре пешниҳод мешавад, шароити ҷои кор ва зист чи гуна аст, техникаи корӣ чигуна истифода мешавад ва чӣ тавр бояд худро эҳтиёт кард.
Коршиносон мегӯянд, ҳодисаҳои ногувор ҳамчунин дар натиҷаи надонистани забони русӣ низ ба амал меоянд ва бар асари онҳо ҷавонони тоҷик ё аз ҷони худ маҳрум мешаванд ва ё якумр маъюб мегарданд. Шумори ками маъюбону беморон ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, то товони молӣ ба даст оранд ва кордиҳандагонро ба ин тарафи масъала мутаваҷҷеҳ гардонанд.
XS
SM
MD
LG