Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаронтар шудани қиммати чиптаҳои қатор


Нархномаи ҳаракати қатора рӯи хатсайри Душанбе-Маскав беш аз 3 маротиба боло рафтааст. Тоҳир Хоҷаев, муовини сардори Корхонаи мусофирбарии роҳи оҳани Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, қиммати чиптаи вагони пласкарти хатсайри Душанбе-Маскав чор сол пеш ҳудуди 130 сомонӣ буд, ҳоло 440 сомонӣ шудааст ва бо ҳамин нархнома ҳаракати қатора ба самти Маскав дар таърихи 4 октябр шурӯъ хоҳад шуд.

Оқои Хоҷаев афзуд, сабаби боло рафтани қимати чипта тавваруми пули миллӣ, боло рафтани қиммати сӯзишвориву дигар лавозимот ва пеш аз ҳама нархномаи хизматрасонии хадамоти роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя будааст. Оқои Хоҷаев афзуд, акнун барои сафари як шаҳрванди Тоҷикистон ба Маскав хадамоти роҳи оҳани кишвар ҳудуди 110 франки Шветсария, муодили 270 сомонӣ ба кишварҳое, ки аз қаламрави он қатораи Душанбе-Маскав мегузарад, пардохт мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки тоза ба низоми Экспресс-3 ворид шудааст. Тибқи қавоиди ин низом акнун нархи чиптаҳои хатсайрҳои роҳи оҳани Тоҷикистон аз қимати франки Шветсария дар бозори арзи ҷаҳонӣ бастагӣ пайдо мекунад. Аммо, афзуд Тоҳир Хоҷаев, муовини сардори корхонаи мусофирбарии роҳи оҳани Тоҷикистон франки Шветсария яке аз арзҳои мӯътадил маҳсуб мегардад ва мусофирони хатсайрҳои Душанбе метавонанд, аз мунтазам боло рафтани қимати чиптаҳо нигарон набошанд.

Ба таъйиди ӯ, имкон дорад, баробари поён омадани франки Шветсария дар бозори арз нархи чиптаҳои хатсайрҳои Душанбе низ поён шаванд. Франки Шветсария аз соли 1994 инҷониб арзи муайянкунандаи нарху наво дар роҳҳои оҳани кишварҳои муштаракулманофеъ ва Болтик пазируфта шудааст.
XS
SM
MD
LG