Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҷорҷ Сорос


лл

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки барои ширкат дар Маҷмуаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк аст, бо Ҷорҷ Сорос, сарватманди башардӯст, бунёдгузори Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Озод мулоқот кард. Намояндаи Сорос, хонуми Кассандра Кавино ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин дидор фаъолияти Бунёди Сорос дар Тоҷикистон дар даҳ соли гузашта ва барномаи ҳамкориҳои ояндаи ин ниҳод бо раҳбарияти Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Вай гуфт, ин мулоқот бо дархости Бунёди Сорос баргузор гардид. Ҷорҷ Сорос сармоягузори инқилоби Гурҷистон шумурда мешавад ва бунёдҳои ӯро дар кишварҳои шӯравии собиқ дар заминасозии инқилобҳои ранга айбдор мекунанд. Аммо хонуми Кавино гуфт, ҷаноби Сорос шод аст, ки дар Тоҷикистон нисбат ба бунёди ӯ чунин ақида вуҷуд надорад ва Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мушкил надорад.
Соли гузашта ҳукумати Ӯзбакистон фаъолияти чунин созмонро мамнӯъ эълон кард.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG